Китоби нав. “Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ”

Ин китоб ба тозагӣ зери назари академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода чоп шудааст. Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор доктори илми филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ мебошад. Муҳаррири масъул адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ва профессорон Матлубаи Мирзоюнус ва Умар Сафар ба он тақриз навиштаанд.

Китоб ба 70- умин солгарди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда, нақши Сарвари давлат ва ибтикороти ӯро дар рушду такомули илму маориф  ва фарҳанги Тоҷикистон ва ҳалли баъзе масъалаҳои байналмилалӣ фаро мегирад.

 Сироҷиддини Эмомалӣ дар сарсуханаш таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – Шахсияти ҷаҳонӣ ва Пешвои тафаккурсоз” аз ҷумла навиштааст:

Неъмате беҳтар зи озодиву истиқлол нест,

Бе чунин неъмат касе осудаю хушҳол нест.

 Дар таърихи давлатдории халқи тоҷик санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти замон арзиши таърихияшон ҳамвора меафзояд. Яке аз ин падидаҳои муҳимми таърихӣ, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин мардуми куҳанбунёд тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлол ба мо фаҳму дарки гироми доштани ватану ватандорӣ, давлатдорию давлатсозиро таҳким бахшид. Имрӯз кору пайкори бардавоми созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи нигоҳ доштан ва тақвият додани истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамзамон таъмини ҳаёти озодонаи ҳар фард ва бахту саодати воқеъии ҷомеа мароми ҳар фарди солимақл мебошад.

9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва ҳамчун кишвари озоду мустақил дар саросари дунё шинохтаву эътироф гардид. Мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард ва дар ин кишвари дар таърих борҳо азияткашида соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки ба сари мардуми тоҷик хонавайрониву сарсонӣ ва саргардониҳои зиёде овард. Сабаби асосии сар задани бесарусомониҳои дохилӣ аслан набудани шахсияти сиёсии воқеӣ буд. Сад шукр, ки дар чунин лаҳзаҳои басо эҳсоси таърихӣ шахсияте бо нерӯ ва иродаи қавӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон чун арғумон ба сарнавишти мардуми Тоҷикистон эҳдо шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат маҷрои сиёсиро ба эътидол овард:

Комиле гар хок гирад, зар кунад,

Ноқис ар зар бурд, хокистар кунад.

Иҷлосияи XVII, ки аз 16.11. 1992 то 02.12.1992 дар Хуҷандшаҳри бостонӣ, ки дар Қасри Арбоб давом кард, халқи тоҷикро аз ин буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Гӯиё раҳбари сиёсии тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон бо омадан ба майдони сиёсат такрор ба такрор мегуфт:

На по гуфтам, на сар гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам Ватан гуфтам…

Вазъи сиёсии кишвар бо сарварии раиси Шурои Олии ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари омадан ба арсаи сиёсат се рисолати комили таърихиро ба ҷо овард. Пеш аз ҳама, давлатсозии миллӣ, ташакули шуури миллӣ ва дар ҳамин замина таъмини ваҳдати миллӣ, ки ин падидаҳо то ин муддат таманнои миллӣ буд. Моҳи ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бар асари мулоқоту вохуриҳои пайдарпайи Сарвари давлат ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мухолифини тоҷик 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи оштии миллии тоҷикон барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2001 дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда, буданд: “Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъололонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани интихоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдомоти ниҳоят ҷиддӣ гардиданд”.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлололӣ мо тавонистем пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Соҳибистиқлолӣ ба мо, пеш аз ҳама, дарки худшиносии миллӣ, пос доштану муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ ва имконияти интихоби дурусти роҳи минбаъдаи инкишофи давлатро дод. Мо дар ин замина ҳамчун миллати дорои таҷрибаи ғании давлатсозӣ ба бунёди рукнҳои муҳимтарини давлату ҳукумат оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ тавонистем Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем…

Китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ”-ро шумо, хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.