Китоби нав. Эмоми Назариён: «Қалам бозгӯйи эҷоди ман аст»

Эмоми НазариёнЖурналисти маъруф Эмоми Назариён бо ҳамин ном китоби навашро ба хонандагон муаррифӣ кард. Китоб асосан дарбаргирандаи матолиби дар солҳои мухталиф навиштаи муаллиф мебошад. Хуш аст, ки ба китоб рӯзноманигори шинохта ва яке аз қаламкашони маъруфу собиқадори матбуот Қурбон Мадалӣ сарсухан навиштааст. Ин пешсухан аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки Қурбон Мадалӣ ба навиштаҳои Эмом Назариён чун ба навиштаҳои як ҳамкору ҳамкасб баҳо додааст. Ва аз он ки муаллифи сарсухани муаллифи китобро аз нахустин рӯзу моҳҳои вурудаш ба майдони журналистика мешинохт, хонандаро ҳамзамон бо зиндагиномаи рӯзноманигории Эмом Назариён ҳам ошно мекунад.

Инак, он сарсухан:

Собиқадори матбуоти тоҷик Эмоми Назариён (Назаров) дар арафаи Соли нави 2025 бастае овард иборат аз маводҳои дар солҳои гуногун эҷоднамудаву дар нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», «Садои Шарқ» ва дигар васоити ахбори кишвар чопгаштааш. Китоб мешавад. Хурсанд шудам, зеро ман ӯро аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ мешиносам. Дар матбааи рақами 1-и Хонаи матбуоти шаҳри Душанбе ҳуруфчин буд. Аниқаш, ҳуруфчини рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»и имрӯза). Он солҳо ҳамаи ҳуруфчинҳои матбаа русу тотору украин буданду ҳангоми чидани сад сатр матни тоҷикӣ ба сад хатои имлоӣ роҳ медоданд. Вақте ки Эмоми Назариён ҳуруфчини мо шуд, ҳама шод гаштем, ки акнун дар саҳифаҳо хатоҳои имлоӣ камтар мешаванду корамон осон. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бар заммӣ ин, ӯ аз моҳҳои нахуст ба навиштани хабару мақолаҳо аз ҳаёти ҷавонон даст зад. Вай самимӣ менавишт, дар ҷодаи меҳнат ҳар рӯз обутоб меёфт, таҷриба меомӯхт ва малакаи касбиашро сайқал мебахшид. Заҳматдӯстӣ, шавқу завқ ба матбуот ӯро ба остонаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин овард. Қабл аз он ки дар факултети филологияи тоҷик дониш андӯзад, як сол дар курси тайёрии донишгоҳи мазкур ба имтиҳоноти дохилшавӣ омодагӣ дид. Пайвандии илму амалро мо дар фаъолияти коргари матбаа Эмоми Назариён, ки дар басти шабонаи рӯзнома кор мекард, бармало медидем.

Вакте ки донишҷў буд, бо тавсия ва дастгириҳо муҳаррир Ато Хоҷаев (имрӯз Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам) корманди эҷодии рӯзнома таъин гашт, аз ин касе ҳайрон нашуд, зеро ӯ кайҳо худро ҳамчун хабарнигори фаъол, ҷӯянда, масъулиятшинос исбот намуд. Ҳамин тавр ҳам мешавад, ки хабарнигоре пас аз узви комилҳуқуқи нашрияе шудан, фориғбол мегардад, гӯё ӯ журналист шудааст, акнун метавонад камтар давуғеҷ намояд. Аммо Эмоми Назариён аз ин тоифа набуд. Вай дар ҳама соҳаҳо: саноат, кишоварзӣ, илм, санъат, маориф, театр, махсусан варзиш менавишту менавишт. Мусоҳибаҳои ҷолиб омода месохт. Мақолаҳои танқидиву таҳлилиаш боиси баррасиҳо мегаштанд ва ба ҳамин минвол дар байни журналистони соҳибқаламу пештоз мавқеи мустаҳкам ёфт.

Инак, бастаи мақолаҳояшро, ки зери унвони умумии «Қалам бозгӯйи эҷоди ман аст» ҷамъ омадаанд, варақ мезанам. Сарлавҳаи рӯ ба рӯро мехонам: «Намакдор». Кӣ бошад ӯ? Дар фурсати кӯтоҳе аёнам гашт, ки мақола дар бораи журналист, донандаи хуби соҳаи варзиш Мирзосафар Шамсиддинов будааст. Воқеан, Мирзосафар аз зумраи шахсонест, ки умр сарфи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, яъне рӯ овардан ба варзишро кардааст. Ӯ аз ҷавонӣ дар бораи варзиш ва намудҳои он менавишт, мушкилоти соҳаро дар рӯзномаҳо ба нашр мерасонд ва ҳам роҳҳои ҳалли душвориҳоро аз роҳбарони сатҳи болоии соҳа тақозо менамуд. Ин дилбохтаи варзиш дар 40 соли рӯзноманигориаш 21 китоб ба нашр расондааст ва 19 китоби дигараш дар арафаи чоп аст. Аз он сабаб «Намакдор» ном гузоштааст мақолаашро, ки завҷаи меҳрубони Мирзосафар – Баргигул ҳам дар шаҳри Кӯлоб ва ҳам дар пойтахт ҳамеша меҳмононро бо табассум ва хони шоиста пешвоз мегирифтааст.

«Аз хурдсолон сабақҳое мегирем, ки на ҳар омӯзгор дода метавонад» мусоҳибаест бо муовини директори вақти шабакаи Телевизионии «Баҳористон» Лутфулло Давлатов. Ин шахси фарҳангӣ барои ҳар хонадони Точикистон чеҳраи ошност. Ӯро ҳам дар саҳнаҳои Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳам дар телевизион зиёд дидаанду аз ҳунараш лаззат бардоштаанд. Эмоми Назариён ин бобат ба хонандагон аз фаъолияти актёрии Лутфулло Давлатов сухан нагуфтааст, ӯ симои ҳунарманди шинохтаро ҳамчун роҳбари як муассисаи навтаъсиси наврасон – «Баҳористон» ба қалам додааст. Лутфулло Давлатов аз пешравиҳо кам мегӯяд, бештар дар бораи мушкилоти муассисаи телевизиони кӯдакону наврасон ҳарф мезанад, нақшаҳояшро иброз медорад, аз кам будани тамошобинони хурдсол андеша меронад. Хуллас, хонанда пай мебарад, ки Лутфулло Давлатов дар роҳи пурпечутоби фаъолтар намудани «Баҳористон» гомҳои устувор гузошта истодааст.

Очерки «Қаламкаши хуморношикаста» симои нуронӣ, дили соф, виҷдони пок, дар эҷоди асарҳо ҷиддияти шоир, журналист, шахси фидоии соҳаи матбуот Иззатулло Ҳусайниро бо тамоми нозукиҳояш акс намудааст. Эмоми Назариён аз соли 1976 устод Иззатулло Ҳусайниро мешинохтааст, аз ин рӯ, очерки ӯ хеле самимӣ, заминӣ, боварибахш ба қалам омада, дар рӯйи авроқ чун риштаи марворид дурахшидааст. Бисёр ғазалҳои Иззатулло Ҳусайниро дар солҳои шастуму навадуми асри ХХ ҳофизони халқӣ ва ҷавонони хушсадо месароиданд. Махсусан, суруди «Маҳрӯи Самарқанд»-аш, ки ба маҳҷабини деҳаи Теппаи Самарқандии Ҷамоати деҳоти Рохатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида буд, дар иҷрои овозхони мардумӣ Рафаэл Толмасов хеле машҳур буд.

Дар маҷмуа бар замми мақолаву мусоҳибаҳояш дар бораи журналисти шинохта Тағоймурод Орифӣ -. муҳаррир ва барандаи аввалин шоу-барномаи маъруфи «Пайкони заррин» дар Телевезиони Тоҷикистон, нахустин авиаконструктори тоҷик Фаррух Муҳаммадов, академик Муҳаммад Осимӣ, табиби халқӣ Абдулло Ташрифзода, варзишгар Юсуф Абдусаломов, чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини юнониву румӣ ва тарзи озод, Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон зиндаёд Иван Поляков, чанд ҳикояҳои воқеӣ ва ҳаҷвияш низ ҷой гирифтаанд, ки хонанда аз мутолиаи онҳо ғизои маънави мегирад. Инчунин, Эмоми Назариён таҷрибаи хуби тарҷумонии асарҳои адабиро дорад, ки намунаҳояшро аз эҷодиёти адибони рус Антон Павлович Чехов, Василий Шукшин ва Карел Чапеки чехро дар китоби номбурда ҷой додааст, ки муҳтавои онро хеле арзишманд кардаанд.

Матолибе, ки дар боби “Ҳампеша дар бораи ҳампеша” ба табъ расидаанд, муаллифонашон ҳамкасбҳову ҳамсабақон ва дигар алоқамандони ӯ буда, ба рангорангии эҷодиёт ва хислатҳои инсонии Эмоми Назариён бахшида шудаанд ва хонданбоб мебошанд.

Хонандагон китоби тозанашри Эмоми Назариён «Қалам бозгӯйи эҷоди ман аст»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Хонандагони азиз бо китоби Эмоми Назариён “Қаламам бозгӯи эҷоди ман аст”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.