Китоби нав.Эшонҷонов Файзулло. Бардоштҳои зиндагӣ

Ин китоб гулчини мақолаҳои нависанда ва шоир Файзулло Эшонҷонов роҷеъ ба саҳифаҳои сабақомўзи таърихӣ, шахсиятҳои барўманди ҷомеаи имрўзаи кишварамонро дар бар мегирад. Муаллиф ба ҳайси як таҳлилгари ҳаёти иҷтимоӣ ва бинандаи нозукбин бисёр масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додаст ва аз нуқтаи назари мантиқи солим баҳогузорӣ намудааст. Маҷмўаи мақолаҳо барои доираи васеи хонандагон пешкаш шудааст.

Дар мақолаи “Раиси ноҳия” муаллиф аз чанд рӯйдоди ибратомӯз ёд мекунад. Аз ҷумла аз обунаҳои маҷбурӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва менависад:  “Мувофиқи ваколати вазифавӣ ва супориши раиси ноҳия рафти обунаро назорат мекардем. Обунакунии аҳолӣ дар гардани раисони ҷамоат чун кўҳи Қоф вазнин буд. Як қисмаш гиря намекарду бас. Як раиси ҷамоат намоишкорона дар маҷлиси назди муовини раиси ноҳия гуфт: « Ман ба маҷаллаи  «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» обуна намешавам, чунки ҳар хел чизҳоро менависанду онро ба дўши мо бор мекунанд». Лекин дар маҷлиси назди раиси ноҳия хомўш меистод ва сар ҷунбонда, суханҳои раис гўё маъқул шуда бошад, боҳавсалаи тамом гўш мекард. Як қатор раисони дигар баъди сухани ў аз обунакунии маҷалла даст кашиданд. Раиси ҷавоне ба ман занг зада гуфт: «Ман нақшаи обунакунии маҷаллаи  «Садои Шарқ»- ро иҷро намекунам». Ман гуфтам: «Аз фалон раис ибрат нагир. Дар сари ў ба ҷойи мағзи сар намад гузошта шудааст. Чаро ўро Саидумрон Назарович то ҳол нигоҳ доштааст, намедонам. Ў рўзҳои наздик бояд ба нафақа равад. Ту бошӣ, ҳоло ҷавон ҳастӣ, бояд бисабзӣ».

Раиси ҷавон маро дуруст фаҳмид, нақшаи обунаро сарбаландона иҷро кард. Раиси пир ҳамин тавр обунааш иҷро нашуд. Ман ба вай гуфтам, ки бе ту нақшаи обунаро иҷро мекунам. Ман ба 65 нафар роҳбарони корхона ва мактабҳо вохўрӣ гузаронидам, 50 нафарашон обуна шуда, баъзеашон омада ё занг зада арз карданд, ки ба хотири шумо обуна шудем. Ман ба онҳо изҳори миннадорӣ кардам, вале ба худ савол медодам, ки чаро ба хотири ман? Чаро ба хотири худашон не, чаро ба хотири баланд гардонидани ҷаҳонбинии сиёсии худашон не, чаро ба хотири зиёд кардани муҳаббаташон ба хондан нею ба бахотири ман будааст.

Ман дар солҳои Шўравӣ то ҳазор сўм, ки баробари 1200-1300 доллар мешуд, обуна мешудам. Маҷаллаи «Вокруг света»-ро мехондам. Дар як шуморааш варақ зада дидам, ки Нигерия буд, Либерия буд ё Соҳили Устухони Фил, як оила ба 13 нафар фарзандонаш луч, хурдсолонашон машғули ҳар гуна бозӣ, ман қабурғаҳояшонро ҳисоб кардам, модарашон ҳам луч, фақат як матоъ пеши шармгоҳашро маҳкам мекард, синаҳояш чун банан овезон, нонпораеро ба тарафи фарзандонаш дароз мекард, дар хаспўшак зиндагӣ мекарданд, акс ёфта буданд. Хайрият ки ватани онҳо гарм аст, вагарна кайҳо мемурданд…

Китоби “Бардоштҳои зиндагӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.

Мавзуна Назарова.