Китоби нав. “Этика”
Муаллифони дастури таълимӣ-методии фанни “Этика” Шоҳназар Бердиев, Ислов Гулов, Фурқат Иброҳимов буда, он ҳамчун маводи омӯзишӣ барои донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олӣ омода гардидааст. Дар китоб масъалаҳои муҳими этика мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар оғоз омадааст, ки истифодаи мавод барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва доираи васеи хоҳишмандон аз манфиат холӣ нест.
Муаллифон дар пешгуфтри китоби худ навиштаанд, ки дастури таълими мазкур баёни мураттаби курси этика (илми ахлоқ) буда, мақсад аз таълифи он шиносонидани доираи васеи хонандагон бо илми фалсафаи амалӣ мебошад. Муҳимтарин мавзуъҳо мувофиқи нақша ва барномаи таълимӣ дарҷи худро ёфтаанд.
Бузургтарин файласуфон аз Суқрот, Афлотун ва Арасту сар карда, то ба Абубакри Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Насриддини Тусӣ, Воизи Кошифӣ ва дигарон ба ин мавзуи муҳимми илмӣ-ахлоқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Омӯзиши илми ахлоқ шарти зарурии баланд бардоштани маданиятнокии ҳар як инсон мебошад. Парвариши инсони комил яке аз ҳадафҳои асосии ҳама давру замони кулли башар ба ҳисоб мерафт ва хоҳад буд.
Дар дастур ба афкори ахлоқии мутафаккирони Шарқ ва Ғарб давра ба давра таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст. Шиносоӣ ба афкори ахлоқии мутафаккирон ва осори фалсафаи амалии эшон хонандаро барои такмили дониш ва маърифати ҳаёт даъват менамояд. Ҳамчунин ба назарияи ахлоқ, сохтори шуури ахлоқӣ, мақулаҳои (котегорияҳои) ахлоқӣ, мактабу ҷараёнҳои этикӣ маълумотҳои муштаххас дода шудааст.
Навиштани дастури таълимӣ аз фанни Этика ва фаро гирифтани тамоми масъалаҳои назарӣ ва усулии илми ахлоқи дар як барномаи нисбатан мукаммал кори осон нест. Аз ин рӯ имкон дорад, баъзе мавзӯъҳо ба тамом баёни худро наёфта бошад ва камбудиҳои дигар низ ҷой дошта бошад. Аз ин рӯ муаллифон ҳама эроду пешниҳоди хонандагонро бо камоли эҳтиром барои ислоҳу такмили нашрҳои оянда мепазиранд.
Китоби “Этика” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Маҳина Раҳмонова, сардори шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.