Китоби нав: Файзулло Хоҷаев: «Ҷанбаҳои лирикӣ дар насри муосири тоҷик»
Ин китоб соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд чоп шуда, ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ низ ворид гаштааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар сарсухани китоб бо номи “Раҳнаварде дар ҷодаи таҳқиқ” аз ҷумла менависад, ки дар рубъи охири садаи ХХ дар адабиёти тоҷик бар асари дигиргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ тағйироти муҳиме рух доданд.
Бар асри ин тағйирот, ки ба ҷаҳонбинии адибон таъсири ҷидди расонид, нависандагони тоҷик дар радифи ҳамаи қаламкашони собиқ кишварҳои шӯравӣ ба зиндагӣ ва моҳияти он ба чашми дигар нигоҳ карданд ва ин буд, ки дар шеваи нигорши онҳо низ унсурҳои адабиёт- шакл, мазмун ва дар маҷмуъ поэтикаи назму наср батадриҷ дигар шуданд. Мавзуъҳое, ки дар замони шӯравӣ имтиёзи бештар доштанд, ҷои худро бо мавзуву мазомини нав доданд, дар сабки нависандагон дигаргуниҳои чашмрас падид омаданд, арзишҳои ҳунарии адабиёт мавқеи аввалдараҷа пайдо карданд. Агар дар назми тоҷик дар ин давра дар ашъори шоирони номваре мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон нафаси нав дамида бошад, насри нави тоҷикро нависандагон Саттор Турсун, Урун Куҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Кароматуллоҳи Мирзо ва дигарон намояндагӣ мекарданд. Насри фалсафии андешамандона, насри шоирона, насри лирикӣ, насри психологӣ, насри ҳуҷҷатӣ, раванди публитсистии наср, насри таърихӣ ва ғайра самтҳои асосии таҳаввули насрро дар ин давра ташкил доданд. Дар адабиётшиносӣ низ таҳқиқи ин падидаҳои тоза шуруъ шуд. Аз устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худоӣ Шариф, Атахон Сайфуллоев ва Худойназар Асозода сар карда, як гурӯҳ муҳаққиқон аз он ҷумла Абдухолиқи Набавӣ, Ҷӯра Бақозода, Маъруфи Раҷабӣ, Шамсиддин Солеҳов, муаллифи ин сатрҳо ва чанде дигар дар ин кор ҳиммат гуморидаанд ва ҳар кадом дар шинохти паҳлуҳои гуногуни насри замони мо ба бозёфттозаи илми муваффақ шудаан. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳқиқи падидаҳои навҷӯйӣ идома ёфт ва чанд тан бо ин кор машғул шуда, рисолаҳои илмӣ навиштанд ва ба дифоъ расониданд. З. Улмасова насри таърихӣ, М. Мавлонова ҷанбаҳои асотирии насри муосир, М.Закариёева ҷанбаи публисистӣ, М.Муродова насри ҳуҷҷатӣ, Д. Қайюмова эҷодиёти Сорбон, Г. Шарифова осори Ӯрун Кӯҳзод, З Бобоева пайдоиш ва ташккули насри илмӣ – тахаюлӣ, У.Шарипова жанри ҳикоя ва амсоли ин аз тадқиқоти асосие ҳастанд, ки ба сомон расиданд. Дар ин миён яке аз муҳаққиқоне, ки ба насри муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд, сармуаллими кафедраи адабиёти муосири тоҷик ҳамин донишгоҳ Файзулло Хоҷаев буд. Ӯ ба таҳқиқи ҷанбаи лирикӣ дар насри муосири тоҷик машғул шуда, соли 2007 рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намуд.
Дар ин асар муаллиф кӯшиш ба харҷ дод, ки тафовути насри шоиронаро аз насри лирикӣ ва тафовути насри лирикиро аз ҷанбаи лирикӣ дар наср нишон дода, бо овардани шавоҳиди зиёд аз намунаҳои осори нависандагони муосир хусусиятҳои ҳар кадомро шарҳу тавзеҳ диҳад. Чунонки худи унвонҷӯ менависад, «дар рисола аввалин бор дар илми адабиётшиносии тоҷик масъалаҳои назарӣ ва амалии насри лирикӣ, шеваҳои зуҳури падидаҳои марбут ба лиризм дар осори мансур, тамоюл равиш ва усулҳои корбандии услуби лирикӣ дар наср мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Баробари ин кӯшиш шудааст, ки заминаҳои ба вуҷуд омадани ҷанбаҳои лирикӣ дар наср аз даврони қадим то имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта равишҳои ифодаи унсурҳои лирикӣ дар анвои наср, аз ҷумла дар ҳикояву повест ва роман таҳқиқ шудаанд».
Вобаста ба мақсади худ, ки таҳқиқи ҷанбаи лирикии наср аст, муаллиф чандин вазифаҳоро назди худ гузоштааст: шинохти мафҳум ва моҳияти насри лирикӣ дар адабиётшиносии ватаниву хориҷӣ, баррасии заминаҳои пайдоиши насри лирикӣ, таҳқиқи унсурҳои лирикӣ дар насри бадеии таърихӣ ва ғайра. Дар иртибот бо вазифаҳои мазкур тарҳи рисола аз муқаддима, се боб, ҳафт фасл ва хулосаву феҳристи адабиёт иборат шудааст…
Идомаи ин сарсухан ва китобро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.