Китоби нав. Файзулло Мирзо: «Занбӯриасалпарварӣ»
Китоби мазкур барои онҳое таълиф шудааст, ки мехоҳанд ба ҷаҳони шавқовари занбӯриасалпарварӣ қадам гузоранд ва таҷрибаи касбӣ ба даст биёранд. Дастури пурраи амалӣ барои кӯмак ба занбӯрпарварон маълумоти мукаммал ва амалӣ дар бораи нигоҳдорӣ ва парвариши занбӯронро пешниҳод мекунад.
Китоб барои дӯстдорони пешаи занбӯриасалпарварӣ тавсия шудааст!
Муаллифи китоб яке аз занбӯриасалпарварони маъруфи кишвар Файзулло Мирзо буда, хатмкардаи факултаи иқтисодиёти ягонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) мебошад.
Ҳуриннисо Ализода дар сарсухан ба китоби мазкур дар бораи фаъолияти кории муаллиф маълумот дода, аз ҷумла овардааст, ки бо расидан ба синни бознишастагӣ низ ӯ ором нагирифт. Баръакс, пайи ободии зодгоҳи аҷдодӣ баромад ва бо масъулияти иҷтимоӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ корҳои ободониро роҳандозӣ намуд. Ин ободкориҳо ва саъйу талоши ӯ, ки бо эҳсоси баланди масъулият анҷом ёфтаанд, на танҳо барои ҳамзамононаш судманд буданд, балки барои наслҳои баъдӣ низ ҳамчун намунаи ибрат боқӣ хоҳанд монд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Файзулло Мирзо на танҳо мутахассиси шинохтаи соҳаи муҳосибӣ, балки ҳамзамон муҳандисе мебошад, ки бо истифода аз донишу таҷрибаи хеш тарҳҳои техникиро ба таври мустақил таҳия мекунад. Зеро мавсуф ба баландтарин қуллаҳои кӯҳистон об интиқол дода, дар заминҳои душворгузар боғҳои сабзро бунёд намудааст.
Ҳар ҷо ва дар ҳар соҳае, ки ӯ фаъолияти худро оғоз кардааст, ба он неруи тоза бахшида, ҳатман навовариеро ворид намудааст. Ҳамеша фаъолиятҳояш бо донишҳои муосири соҳавӣ асоснок буда, дурнамои устувор доранд.
Боғпарварӣ ва ободкориҳои деҳот, ки худ аз беҳтарин намунаҳои фаъолиятҳои устувори иҷтимоӣ мебошанд, барои ӯ танҳо ибтидо буданд. Ӯ бо ташаббус дарахтони камёб ва ороишиву мевадиҳандаро ба зодгоҳи худ овард ва тавассути пайвандсозии илми кишоварзии анъанавӣ ва дастовардҳои муосир, беҳтарин навъҳои дарахтони мевадиҳандаро бо ҳам омезиш дода, ба сифати баландтарини маҳсулот ноил гардидааст. Имрӯз ӯ пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ ва имконоти нави рушди иқтисоди маҳаллӣ буда, ҳамвора талош дорад, ки дар ин пеша иқдомҳои намунавиро пешниҳод кунад.
Занбӯрпарвариро низ ҳамчун соҳаи муҳимми иқтисодии кӯҳистон ва манбаи даромади устувор мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо дарки амиқи арзиши гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва нақши занбӯрпарварӣ дар экосистемаи табииро ба инобат гирифта, таҷрибаи андӯхтаи худро дар шакли як дастури мукаммали илмӣ ба риштаи таҳрир дарорад.
Хонандагон китоби «Занбӯриасалпарварӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.