Китоби нав: Фармон Ҷӯрақулов «Сирки тоҷик дирӯз ва имрӯз»
Санъати сиркӣ реша дар аъмоқи таърих дорад. Сирк аз ҳунару санъати сиркбозони худомӯз дар боғу майдону бозорҳо, аз базму хурсандиҳо ва лутфу латифаҳои ширингуфторон, аз театрҳои халқиву касбӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ сарчашма гирифтааст. Сирки муосири тоҷик зодаи Инқилоби Октябр аст. Он роҳи дароз ва пуршарафро паймудааст, дар даврони Шуравӣ ба авҷи камол расида буд ва дар миёни сиркҳои иттифоқ мавқеи устувор дошт. Сирки даврони истиқлол идомаи сирки аҳди шуравист.
Китоби мазкур аз рӯи шумориш китоби сеюм аст дар бораи сирки тоҷик ва фарогири се фасл. Муаллиф дар фасли аввал назаре афкандааст ба таърих, то бидонем, дар гузаштаи халқамон нишоне аз жанрҳои сиркӣ вуҷуд доштанд ё на, дар фасли дувум мухтасар оид ба пайдоиши сирки муосир ва сирки даврони Шуравӣ сухан рафтааст. Бурду бохти сирки даврони истиқлол ва вижагиҳои он меҳвари таҳрири фасли севум қарор гирифтааст.
Бино ба таҳлили муаллиф сирки тоҷик аз рӯи ҳашт жанри сиркӣ фаъолият менамояд, аз санъату ҳунари дирӯз ва имрӯзи халқ ва дастовардҳои сиркҳои ҷаҳон эҷодкорона баҳра мебарад, пешрафту муваффақиятҳо дорад, сиркбозони тоҷик дар саҳнаҳои сиркҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекунанд ва моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Сиркбозони ҷавони тоҷик ва дастпарварони Студияи ҳунарҳои сиркӣ мунтазам дар фестивалҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва соҳиби ҷоизаҳо мегарданд.
Санъати сиркии тоҷик кам омӯхта ва таҳқиқ шудааст. Дар санъатшиносии тоҷик дар бораи театр, кино, мусиқӣ, рақс, ҳатто операву балет осори фаровон таълиф шудаанд, аммо оид ба сирк то солҳои наздик фақат як китобча бо номи «Сирки тоҷик» мавҷуд буд, ки он ба қалами Қ.Сатторов ва И.Раҳимов тааллуқ дорад ва соли 1988 нашр шудааст. Дастоварду комёбиҳои сирки тоҷикии аҳди шуравӣ ва даврони мустақилият ба гунаи гуногун дар матубот инъикос ёфтаанд, ҳароина он навиштаҳоро ҳамчун сарчашмаи омӯзиши фаъолияти сирк набояд сарфи назар кард. Соли 2023 китоби директори вақти Сирки давлатии Тоҷикистон А.Раҷабов бо номи «Андешаҳо перомуни сирки тоҷик. Бардошт аз «Бадоеъулвақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» чоп шуд, ки ишороте оид ба гузашта ва имрӯзи сирки тоҷик дорад.
Хонандагон китоби Фармон Ҷӯрақулов «Сирки тоҷик дирӯз ва имрӯз»-ро метавонад аз Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд