Китоби нав: Фатҳуллоҳи Азиз «Осори мунтахаб». Ҷилди 3
Дар ҷилди сеюми “Осори мунтахаб”-и Фатҳуллоҳи Азиз шеърҳо, интихобан қисме аз маводҳои публисистии дар тули умр навиштаи муаллиф аз ҳаёти сокинони кишвар, шахсони муваффақу кордон ва ғайра ҷо гирифтаанд.
ФАТҲУЛЛОҲИ АЗИЗ соли 1949 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1963 баъди хатми синфи ҳашт ба деҳаи Чузии ҳамин ноҳия (ҳоло ноҳияи Шаҳринав) кӯчида, маълумоти миёнаро дар ин ҷо гирифтааст. Соли 1973 шуъбаи журналистии факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистонро ба анҷом расонида, ду сол ҳамчун афсар хидмати ҳарбӣ кардааст.
Чанде дар телевизиони Тоҷикистон, сипас солҳои зиёде дар вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбӣ, китобхонаҳои мараказонида ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҳисор, рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи ленинзм» (ҳоло «Ҳисори Шодмон») ба ҳайси сармуҳаррир, пас аз нафақабароӣ муддате дар муассисаи нашриявии «Маориф», маҷаллаи «Ҳисори зарнисор» фаъолият намудааст.
Маводҳояш дар матбуоти даврӣ ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, китобҳои алоҳидааш таҳти унвони «Анвори ҳикмат», «Раҳнаварде дар биёбон», «Офаридгор ва инсон», «Накҳати хаёл», «Масали зиндагӣ», «Девони ватандӯст», «Ҷиҳод», «Гирдоби ҳаёт», «Ганҷи ранҷ», «Зикри хаёр», «Хирмани умр», «Анбони ҳикмат», «Сиришти одамӣ», «Гулафшони меҳр» ва ғайра чоп шудаанд. Асари пандию ахлоқии адиби забардасти қазоқ Абай – «Панднома», маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи турк Бекир Юлдуз ва қиссаи «Ду сафедор» – и нависандаи туркман Қаюм Тангриқулиев ва чанд маводи дигар адибонро аз русӣ ба тоҷикӣ гардонидааст. Ҳаммуаллифи чанд асари таърихию публитсистӣ мебошад.
Барои меҳнати софдилона ва комёбиҳои эҷодӣ бо медали «Хизмати шоиста», ифтихорномаю сипоснома ва мукофотҳои дигар, ҷоизаи адабии ба номи Ҳабибулло Назаров нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Ин се шеър аз ин китоб:
ТУРО МАН ЁД ХОҲАМ КАРД
Туро чун қиссаи дерину ширин ёд хоҳам кард,
Ба ёдат хотири ғамгини худро шод хоҳам кард.
Ба мулки орзущоям кунам парвоз бо умед,
Хаёлан аз бароят хонае обод хоҳам кардд.
Парисон аз барам ногаҳ шудӣ ғоиб ту, эй бемеҳр,
Ба сандони фироқат ҷону тан фӯлод хоҳам кард.
Намеоӣ ба хобам ҳам дигар афсӯс, сад афсӯс,
Агарчанде зи таҳти дил туро фарёд хоҳам кард.
Надорӣ раҳму шафқат ҳеҷ бар ҳоли парешонам,
Наоӣ, донам, аммо боз арзу дод хоҳам кард.
Ба ҳасрат мекушад доғи ҷудоият маро охир,
Фидо бо майли худ ҷонам ба ту фарзод хоҳам кард.
САЙЁДИ НАГУНБАХТАМ
Оғуштаи хун шуд дил аз новаки мижгонаш,
Ҷон бахшаду бистонад он пистаи хандонаш.
Сарсону парешонам дар кӯйи муродаш ман,
Бинмуда бад – ин ҳолам зулфони парешонаш.
Бо ахгари чашмонаш сӯзандаи имон аст,
То чанд мусалмон аст, оё бувад имонаш?
Уфтода ба дунболаш талвосаи ҷонам бин,
Бидҳад чӣ азобам ӯ бо талқини шайтонаш.
Бар ҳоли чу Қайси ман ҳарчанд, ки механдад,
Гирён бишавам бинам чун Лайлии гирёнаш.
Сайёди нагунбахтам, ҳосил зи шикорам нест,
Оҳуи биёбон ӯ, гирам магар осонаш?
ХАЗОНИ ПОИЗ
Зи мазори қалби ман ту бигузар дуо намуда,
Шуда дафн хури армон ба дилаш ғамам фузуда.
Бинигар бигашта пора руҳи зарду хира дорад,
Варақи китоби ишқам зи дами дареғ суда.
Зи навори ёдҳоям бисутурд зиндагонӣ
Нағамоти дилнишине насуруда, ношунуда.
Самари дарахти иқбол фитоб вақти хомӣ,
Чи фусӯс ғурамаргӣ, ки насиби мева буда.
Чу хазони поиз аз шоха бирехт барги уммед,
Барадаш куҷо надонам ҷӯи зиндагӣ рабуда.
Хонандагон китоби Фатҳуллоҳи Азиз «Осори мунтахаб»- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.