Китоби нав. «Филмномаҳои Шераки Ориён»
Шераки Ориён – филмноманавис, адиби маъруф китоби нави худро бо ҳамин ном интишор дадааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост, адиб филмномаҳои худро гирд овардаву дар қолати як китоби иборат аз 550 саҳифа чоп кардааст.
Дар муаррифи нависанда ва китоби нави ӯ аз ҷумла мехонем: Шераки Ориён узви конфедератсияи байналхалқии синамогарон буда, муаллифи 43 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёташ ҳафт ҷоизаи ҷаҳониро соҳиб шудааст. Филмҳои вай ба амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дўстонро намефурўшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», “Насл» ва ғайра машҳур гардидаанд.
Филми «Дўстонро намефурўшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шўравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, он дар «Кинофестивали Рига» (соҳили Балтик) ва «Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шўравӣ» соҳибҷоиза бишуд.
Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бистум дар кинофестивали ЕврАзия, Фаронса, Амрико, чор ҷоизаро сазовор гардид.
Филми пасинаш «Афсонаи зиндагӣ» (Жизнь) дар кинофестивали байналхалқии Шветсария (Vertikal) аз миёни 47 кишвари ҷаҳон ҷоизаро дарёфт, ҳамчунин дар кинофестивали 13-уми кишварҳои ИДМ ва Балтик ва Кинофестивали «ЕврАзия» муваффақ бигардид.
Ва кинофестивали байналхалқии «Золотой Феникс» бо номи «Панҷ филми беҳтарини ҷаҳон дар як сол» ин асарро интихоб намуда ва ба намоиши ҷаҳонӣ гузошт.
Филми дигари аз рўи навиштаи Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) ба вуҷуд омада «Ҳолат» (яъне Ситуатсия) дар кинофестивалҳои гуногун соҳиби се ҷоиза шуда буд.
Китоби “Филмномаҳои Шераки Ориён”-ро шумо имкон доред адр Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.