Китоби нав. “Филмномаҳои Шераки Ориён”. Ҷилди дуюм
Ин китоб соли гузашта чоп шудааст ва чор филмномаи адиби маъруфро дар бар мегирад. Инҳо “Афсонаи зиндагӣ”, “Духти Бухорхудот ва писарони амири Самарқанд ва Қараи Бидавӣ”, “Замоне, ки шаҳристонҳо кушта мешаванд ё чакомаи меҳанпарастӣ” мебошанд. Дар муаррифии нависанда мехонем:
Шераки Ориён узви конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик буда, муаллифи 43 филми бадеӣ ва санадию тасвирию фалсафӣ ба шумор меравад. Эҷодиёташ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро соҳиб шудааст. Филмҳои вай ба амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дўстонро намефурўшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шўравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида буд. Он дар «Кинофестивали Рига» (соҳили Балтик ) ва «Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шўравӣ» соҳибҷоиза шуд.
Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бистум дар кинофестивали ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.
Филми пасинаш «Афсонаи зиндагӣ» («Жизнь») дар кинофестивали байналхалқии Шветсария ( «Vertikal») аз миёни 47 кишвари ҷаҳон ҷоизаро соҳиб бишуд, ҳамчунин дар кинофестивали 13 – уми кишварҳои ИДМ (СНГ) ва Балтик ва кинофестивали «ЕврАзия » ва кинофестивали байналхалқии «Золотой Феникс» бо номи «Панҷ филми беҳтарини ҷаҳон дар як сол» ин асарро интихоб намуда, ба намоиши ҷаҳонӣ гузошт.
Филми дигари аз рўи навиштаи вай ба вуҷудомада «Ҳолат» («Ситуатсия ») дар кинофестивалҳои гуногун соҳиби се ҷоиза гардид.
Китоби мазкурро метавонед аз шуъба адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дарёфт кунед.
Таҳияи Адибаи Фахриддин.