Китоби  нав: Фирӯз Шоев: «Лексияҳои  фанни  ҳуқуқ»

Лексияҳои  фанни  ҳуқуқЛексияҳои  фанни  ҳуқуқ (восита  таълимӣ)  дар  асоси  барномаи  таълимӣ  аз  фанни «Асосҳои  давлат  ва  ҳуқуқ»  бо  назардошти  ҳадди  ақали  мазмуну  мундариҷаи  Стандарти  давлатии   таҳсилоти  олии касбӣ  ва  нақшаҳои  амалкунандаи  таълимӣ  навишта  шуда, дар  маҷлиси  кафедра  баррасӣ  ва  тасдиқ  гардида, аз ҷониби  Шӯрои  илмию  методии  ДМТ  ба  чоп  тавсия  шудааст.

Мақсади  фанни  таълими  ҳуқуқ  омўзонидани  донишҳои    асоси  ҳуқуқӣ  дар  бораи  зуҳуроти  давлатию  ҳуқуқӣ  ба донишҷўёни  факултетҳои  ғайриҳуқуқшиносии  мактабҳои  олӣ  мебошад.

Чуноне дар сарсухани ин китоб мехонем,  олимону  муҳаққиқон  соҳаи  илмҳои  ҳуқукшиносӣ  китобҳои  дарсӣ  барои  омўзиши  фанни  ҳуқуқ эҷод  кардаанд, ки маҳз  барои  донишҷўёни  мактабҳои  олӣ  пешбинӣ  шудаанд,ки  аз  аҳмият  холи  нестанд.

Ҳадафи  навиштани «Лексияҳои  фанни  ҳуқуқ»  омўзонидани донишҳои  асосии  ҳуқуқӣ, паст  кардани  сатҳи  ҳуқуквайронкунӣ, мусоидат ба  эҳтиром  ва  таъмини  риояи   Конститутсия  ва  қонунҳои   амалкунанда, ташаккул  додани  боварӣ  ва  этиқод  нисбат  ба қонун  ва мақоиоти  давлатӣ, ҳисси  баланди  ватандўстӣ   воқиф  гардонидан  аз  асноди  меъёрии  ҳуқуқии  амалкунанда,  ҳифзи  ҳуқуқу  озодиҳо  ва  манфиатҳои  қонунии инсон ва  шаҳрванд  мебошад.

Лексияҳои  фанни  ҳуқуқ  (воситаи  таълимӣ) барои  устодони  фанни  «Асосҳои  давлат ва  ҳуқуқ», донишҷўёни  факултетҳои  ғайриҳуқуқшиносии  мактабҳои  олӣ  ва  ҳаводорони  илмҳои  ҳуқуқшиносӣ  пешбинӣ  шудааст.

Хонандагони  азиз  ин китобро  метавонанд  дар Китобхонаи  миллӣ мутолиа  намоянд

Фарзона  ШАРИФОВА,
мутахассиси  шуъбаи
мукаммалгардонии фонд