Китоби нав: Физиологияи экологии одам
Дастури таълимии «Физиологияи экологии одам» барои кори мустақилонаи донишҷуён пешниҳод шудааст. Физиологияи экологии одам як бахши физиология буда, вобастагии функсияҳои баданро ба шароити гуногуни ҳаёт ва фаъолият меомӯзад.
Муаллифон М.Устоев, Б.Устоев ва У. Ҳусейнов мегӯянд: Барои хеле хуб аз худ намудани курси пешниҳодшуда ба донишҷӯён, пеш аз ҳама, лозим аст, ки дониши сохти анатомияи ҳамаи узвҳо ва системаҳои баданро аз худ кунанд, ки дар асоси он равандҳои физиологӣ идома ёфта, аксуламалҳои мутобиқшавии организм ба тағирёбии ҳолати муҳити берунӣ ва дохилии бадан амалӣ карда шаванд. Барои аз худ кардани курси “Физиологияи экологии одам” донишҷӯ бояд дар соҳаи биология, анатомия, физиология, биохимия, иммунология, экологии география тасаввурот дошта бошад. Фанни “Физиология экологии одам” бо чунин соҳаҳо, ба монанди тиб, географияи тиббӣ, экологияи одам, хронобиология, физиологияи синну сол, физиологияи иқлим, меҳнат, варзиш, патофизиология фаъолияти олии асаб алоқаманд аст. Дониш дар соҳаи физиологияи экологӣ барои иҷрои корҳои курсӣ, таҳияи корҳои дипломӣ ва хатм, ки мавзӯъҳояшон ба омӯзиши асосҳои физиологии мутобиқшавӣ марбутанд, заруранд.
Китоби мазкурро метавонед дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахасисси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.