Китоби нав. Гавҳар Умарова: “Боғбони ишқ”
«Боғбони ишқ» маҷмӯаи навбатии ҳикояҳои қаламкаши пухтакор, омӯзгор ва рӯзноманигори варзида Гавҳар Умарова буда, тавассути тасвирҳои хотирмону нотакрор хонандаро ба сайри олами зебои ҷавонӣ, хандаи бахту ҳасрати ҷудоӣ ва садрангиҳои гулбоғи ишқ ҳидоят месозад.
Гавҳар Умарова, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналисти шинохтаи тоҷик, муаллифи зиёда аз 20 китоби адабию бадеӣ ва даҳҳо дастурҳои таълимӣ барои журналистон ва зиёда аз садҳо барномаву филмномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳунарӣ-бадеӣ дар Тоҷикистон аст.
Дорандаи мукофоти ба номи устод Абдулқосим Лоҳутӣ ва Аълочии маориф ва илм, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ӯ асосгузори жанри ток-шоу дар телевизиони тоҷик буда, бо барномаи овозадори «Оила»-аш маҳбуби мардум гардидааст. Ҳамчунин яке аз асосгузори кафедраи журналистикаи телевизион ва радио ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад ва дар тарбияи касби журналистӣ шогирдони зиёдеро тарбия намуда истодааст.
Китоби “Боғбони ишқ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣмутолиа кунед.
Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд