Китоби нав. «Географияи табиии материкҳо ва уқёнусҳо»

Ин китоб бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чоп шудааст ва чуноне аз номаш ҳам бармеояд, як воситаи таълимӣ аз фанни географияи табиии материкҳо ва уқёнусҳост. Китоб мувофиқи талаботи стандарти нави таҳсилот ва нақшаи нави таълимии ДОТ дар ноҳияи Рашт аз рӯи ихтисосҳои география ва ҳифзи табиат, география ва асосҳои иқтисодиёт мураттаб сохта шудааст.

Муаллифон дар сарсухани китоб овардаанд, ки зарурияти омӯзиши «Географияи табиии материкҳо ва уқёнусҳо», дар донишгоҳҳои олӣ аз он сарчашма мегирад, ки баъди пайдо намудани дониш ва тасаввурот оид ба мавқеи материк ва уқёнусҳо, инчунин дар бораи табиат ва сарватҳои табиии онҳо донишҷӯён  минбаъд донишу малакаи худро нисбати дуруст дарк кардани табиати онҳо васеъ намоянд.

Ҳадафи асосиии фанни «Геогарфияи табиии материкҳо ва уқёнусҳо» ба он равона карда шудааст, ки тавассути машғулиятҳои назарию амалӣ, корҳои мустақилона ва ташкили таҷрибаомӯзӣ дар минтақаҳо ва мактабҳо донишҷӯён ба касби интихобкардаи хеш аз ҳама ҷиҳат тайёр карда шаванд ва салоҳияти касбии онҳо ташаккул дода шавад.

Китоби “Географияи  табиии материкҳо ва уқёнусҳо” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.