Китоби нав. «Гулчини андешаҳо»
Дар китоби мазкур муҳимтарин мавзуъҳои илмӣ иҷтимоӣ мавриди таҳлили фалсафӣ қарор гирифтаанд, ки барои дарки масоили иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Муаллифон асолати илмии китобро кафолат дода, мутолиаи онро ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон тавсия додаанд!
Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки китоб яке аз василаҳои муҳимми ахбори оммавӣ илмӣ ба шумор рафта, аслиҳаи пурзӯри мубориза бар зидди ҷаҳолат меботад. Китоб беҳтарин ва нодиртарин муъҷизаест, ки ба одамон ҳадя шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ донистаанд. Шахсе, ки ҳамеша китоб мутолеа мекунад, ҳеҷ гоҳ дар ҳолатҳои танги зиндагӣ ноумед намешавад. Беҳуда нест, ки гуфтаанд: «Агар дар зиндагӣ зуд-зуд ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудед, дониста бошед, ки ба андозаи кофӣ китоб нахондаед»…
Хонандагон китоби «Гулчини андешаҳо»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.