Китоби нав. Гурез Сафар: «Азизи дилҳо»
«Азизи дилҳо» маҷмуаи нави шеърҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар аст, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Мушовири китоб Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ Асадулло Раҳмон ва муҳаррир адабиётшиноси шинохта Абдураҳмон Абдуманон буда, шеърҳои он хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои сулҳу амният ва ободии Ватан мунъакис менамоянд.
Ободии меҳан, рушду пешрафти бемисли он, сулҳу истиқлол ва ободиҳои рӯзафзуни Ватан бо шарофати Пешвои муаззами миллат Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд. Ҳамин аст мавзӯи меҳварии ашъори ин маҷмӯа.
Ин китоб соли 2023 нашр шудааст ва бо шеъри “Ваҳдати Пешво” оғоз гардидааст:
Хотири пиру ҷавон шод аст,
Мардум аз дарду ғам озод аст.
Аз парешонӣ нишоне нест,
Меҳан аз ў Ваҳдатобод аст.
Пешвои мо худодод аст,
Баҳри мо ўро Худо додаст.
Душмани тиру камон бошад,
Ошиқи тирукамон бошад.
Бо ҳамин Сулҳе, ки овардаст,
Номи некаш ҷовидон бошад.
Пешвои мо худодод аст,
Баҳри мо ўро Худод додаст.
Китоб дар нашриёти «Сомон-Принт» бо теъдоди 300 адад нашр шуда аст ва бо аксҳои зебову барроқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчам, Муқаддасоти миллӣ, суханрониҳои Сарвари давлат дар Созмони Миллали Мутаҳид, ва дигар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, суҳбатҳо миёни мардум оро ёфтаанд.
Ашъори китоб равону дилнишину гӯшнавоз аст мисли:
Бе меҳри Ватан ба ҳар куҷо хор шавӣ,
Овораву ранҷуру дилафгор шавӣ.
Эй он, ки ба сўи Ватан санг занӣ,
Охир ба кафи хоки Ватан зор шавӣ.
Қобили ёдоварист, ки шоир,нависанда ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста», Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Гурез Сафар соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар зода шудааст. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзуъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ бахшида шудаанд.
Китобҳояш бо номҳои «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015), “Хандаи тақдир” (2023) ба табъ расидаанд.
Китоби Гурез Сафар “Азизи дилҳо”-ро шумо, хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.