Китоби нав. Хайрулло Амонулло: “Адибе аз Офтоблиқо”
Ин китоб соли 2024 дар нашриёти “Меҳроҷ-граф” ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст. Муаллиф доктори илмҳои техникӣ Хайрулло Амонулло талош кардааст як маъхази муътамади осори Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода устод Ҳақназар Ғоибро тартиб диҳад ва ҳамзамон роҷеъ ба чанд мавзӯи муҳими ашъори мондагори ин суханвари маъруф ибрози назар кунад.
Китоби “Адибе аз Офтолиқо” ба ҷашни 80-солагии Ҳақназар Ғоиб бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки ҳар як инсони бузургу комил рисолати муайянеро дорад. Рисолати асосии устод Ҳақназар Ғоиб шеъраш аст. Ӯ дар кӯдакӣ аз болои дарахти олуи ҳавлиашон ба сокинони деҳаи Офтоблиқои Кӯлоби бостонӣ шеърҳои кӯдаконаашро сурудхонон мерасониду бо гузашти айѐм ҳоло аз минбарҳои баланд бо шеъри волояш сухани ҳақро ба аҳли башар мерасонаду инсониятро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд, ба сӯи сулҳу дӯстӣ, меҳру садоқат ва муҳаббату одамгарӣ.
Худи устод низ ҳамин гуфтаҳоро дар шеъраш чунин тасдиқ менамояд:
Зи ғайби кирдигорӣ шеър шуд аъмоли умри мо,
Бинозам қудрати волою бахшоиши яздонӣ.
Устоди гиромӣ, инсони бузургдили назаркардаи накӯсиришт ҳастанд.
Назари ҲАҚ бо ӯ асту аз ин рӯ номаш чунин аст: ҲАҚНАЗАР.
Китоб аз бахшҳои “Зиндагиномаи устод ё субҳе дар як шаби зимистонӣ”, “Рӯйхати асарҳои устод Ҳақназар Ғоиб”, “Унвонҳо ва мукофотҳои давлатии устод”, “Тафсири шеърҳои устод Ҳақназар Ғоиб:
Васфи Модар;
Васфи Падар;
Васфи Ватан;
Васфи Наврӯз;
Васфи ишқ.
“Сурудҳои устод Ҳақназар Ғоиб” ва “Охирсухан” иборат аст.
Хонандагони азиз метавонанд китоби “Адибе аз Офтоблиқо ”- ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Сайёра КАРИМОВА, шуъбаи котибот