Китоби нав: Хайрулло Амонулло: «Адиби шуҳратёр»

АдибиМуаллиф навиштааст, ки ин китоб ба ҷашни 70 – солагии ИНСОН – и накӯандешу накӯгуфтору накӯрафтор – Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф», барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи АбУабдуллоҳи Рӯдакӣ, барандаи Ҷоизиаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов, устоди гиромӣ Муҳаммад Ғоиб бахшида шудааст.

Ходими давлатию ҷамъиятӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Мағфират Хидирзода дар сарсуханаш ба китоб навиштааст, ки дар ҷомеа шахсиятҳое ҳастанд, ки бо неруи қалам ба рушди инсонҳову ҷомеаҳо мусоидат намуда, бо ин василаи пуриқтидор ном дар таърих мемонанд. Онҳо мисли чароғе ҳастанд, ки зиндагиро нур мебахшанд, дар дили одам умедро ба имрӯзу оянда қавӣ мегардонанд, баҳри худшиносӣ ва ташаккули ғурури миллию давлатдории онҳо худафрӯзӣ мекунанд. Ҷовидон аст номи онҳое, ки неруи қаламро баҳри ободии Ватану пешрафти он истифода бурдаанд.

Қудрати неруи қаламро дар мисоли ашъори Муҳаммад Ғоиб, шоире, ки вуҷудаш саропо меҳри Ватан асту муҳаббати мардум, метавон баръало эҳсос намуд. Шоири ватансаро, инсонпарвару инсондӯст, дорои ғурури баланди ватандорию миллӣ, шахсияти нотакрор ва самимию хоксор, фарзанди содиқу вафодори ин миллат ва сарзамини биҳиштосо – чунин аст шинохти мо аз устод Муҳаммад Ғоиб.

Шиносоӣ бо ашъори ӯ шахсро ба фазои пур аз муҳаббату садоқат, меҳру вафодор, инсонгарию инсонгароӣ, ватанпарастию ватандӯстӣ мебарад. Ҳар мисраи шеъре, ки аз забони худи шоир садо медиҳад, садои сидиқу вафо ва муҳаббати поку беолоиши фарзандона ба Ватанро ба самъи шунаванда мерасонад. Эҳсос мегардад, ки ин суханҳо на аз забон, балки аз қалб берун мешаванд. Махз аз ҳамин сабаб онҳо бениҳоят таъсирбахшу самимиянд, ба қалби ҳар як хонандаю шунаванда роҳ меёбанд ва баҳри камолоти шахсии онҳо, ташаккули худшиносию худогоҳӣ ва ғурури миллии онҳо мусоидат мекунанд. Ҷавҳари маънии эҷодиёти устод Муҳаммад Ғоибро хислатҳои накутарини инсонӣ, ки метавонанд на танҳо ба худи шахс, балки ба инсонҳои дигару ҷомеа нафърасон бошанд, ташкил медиҳад. Шинохти ин ҷавҳар  – шинохти Муҳаммад Ғоиб аст.

Хонандагон китоби «Адиби шуҳратёр»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.