Китоби нав: Хайрулло Амонулло, Ибодулло Ҳақёров «Ҷузъҳои мошинҳо»
Ин китоби таълимӣ бо мақсади таъмини донишҷўён бо маълумоти назариявии дақиқ ва амалӣ барои омўзиши ҷузъҳои мошин таҳия шудаст. Мазмуни он ба барномаи таълимии фаннӣ мувофиқат намуда, донишҷўро ба омўхтани сохт ва принсипи кори ҷузъҳои мошин, хусусиятҳои ҷузъҳо ва таҳлили схемавии ҷузъхои мошин шинос менамояд.
Гуфтанист, ки фанни «Ҷузъҳои мошинҳо» ҳисобкунӣ ва асосноккунии таҳррезии ҷузъҳо ва қисмҳои мошину механизмҳоро бо риояи талаботи стандартӣ барои сохтан ва баланд бардоштани сифати эътимоднокӣ ва пойдории коршоямии дарозмуддати мошинҳо, бо дарназардошти таъсири сарбориҳо ва дигар омилҳо, вобаста ба иҷронамоии шартҳои асосии корӣ ва таъиноти мошинҳо меомузонад.
Мақсади фанн ин омоданамоии муҳандисони баландихтисоси самтҳои тахассусӣ мебошад.
Хоҳишмандон китоби Хайрулло Амонулло ва Ибодулло Ҳақёров «Ҷузъҳои мошинҳо» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд