Китоби нав.Хатича Гулова: “Як каф дуои модар”
«Як каф дуои модар» дуюмин китоби Хатича Гулова буда, ашъори дар солҳои гуногун эҷодкардаи муаллифро фаро гирифтааст. Шеърҳо вобаста ба мазмуну муҳтавояш дар қисматҳои алоҳидаи маҷмуа ҷой дода шудаанд. Мутолиаи шеърҳо хонандаро ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят намуда, дар баланд гардидани маънавиёти ў мусоидат хоҳад кард.
Дар муаррифии муаллиф дар китоб омадааст: Хатича Гулова соли 1957 дар ноҳияи собиқ Ҷиликул (ҳозира Дўстӣ) ба дунё омада, дар семоҳагиаш бо ҳамроҳии волидайнаш ба ноҳияи Данғара кўчида омадааст. Падараш Саттор Гулов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва модараш Ойхоним Сафаралиева қаҳрамонмодар, соҳиби 10 нафарфарзанд мебошад.
Хатича Гулова соли 1963 ба мактаби ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1973 онро бомуваффақият хатм менамояд. Баъдан таҳсилро дар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоб (ғоибона) давом дода, соҳиби ихтисоси муаллими забон ва адабиётитоҷик мегардад. Аз соли 1975 сар карда, то инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Данғара ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.
Мавсуф алҳол нафақахўр бошад ҳам, дар Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекунад.
Хатича Гулова солҳои зиёдест, ки хомафарсоӣ мекунад ва намунаи чакидаҳои хомааш дар матбуоти даврӣ борҳо ба нашр расидаанд. Номбурда узви фаъоли маҳфили адабии «Офтоб» -и ноҳияи Данғара буда, соҳиби маҷмуаҳои шеърии «Модари ман» (2014), «Як каф дуои модар» (2022), «Сари зонуи падар» (2022) ва китоби насрии «Чакидаҳои хаёл» (2022) низ мебошад.
Ў зиёда аз 40 сол аст, ки дар соҳаи маориф ба мактабиён сабақ медиҳад ва барои заҳматҳои дар ин соҳа кашидааш соли 2005 бо нишони сарсинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Оиладор ва соҳиби 7 фарзанд ва 23 набера мебошад.
Китоби “Як каф дуои модар”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Назарова.