Китоби нав. Хуҷамурод Сафарализода: «Таҳдидҳои замони муосир: Масъалаҳои назариявию методологӣ»

Тахдидхои-замони-муосирМонографияи мазкур аз ҷониби яке аз олимони ҷавону соҳибистеъдод, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ таълиф шуда, моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе, нашриёти «Эр-граф» чоп шудааст.

Хуҷамурод Сафарализода хатмкардаи аспирантураи шуъбаи рўзонаи кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2008-2010) буда, баъдан ба ҳайси ассистенти ҳамин кафедра (2011-2014), дотсенти кафедраи номбурда (2014), директори Маркази табъу нашри ДМТ (2017-2019), докторанти кафедраи равандҳои сиёсӣ (2019-2022) ва мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ (2022-2023) кору фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то инҷониб ба донишҷўёни ихтисосҳои «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Менеҷменти сиёсӣ», аз фанни «Амнияти Тоҷикистон» ва дигар фанҳои тахассусӣ дарс мегӯяд. Зери роҳбарии ў 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 3 воситаи таълимӣ, 2 монография ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад.

Х. Сафарализода дар асарҳои илмию таҳқиқотии худ масъалаҳои гуногуни таъмини амнияти миллӣ, ташаккули идеяи миллӣ, муайян намудани таҳдиду хатарҳои замони муосир, роҳу усулҳои гузаронидани таҳқиқоти сиёсӣ, усулҳои таълими илмҳои сиёсӣ ва масъалаҳои антропологии сиёсатро таҳлилу баррасӣ намудааст.

Муаллиф мехоҳад дар ин китоб исбот намояд, ки субъекти таъмини амнияти миллӣ замоне метавонад дар пешгирии таҳдидҳои эҳтимолӣ ва безараргардонии таҳдидҳои воқеӣ муваффақ шавад, ки агар дар бораи сарчашмаҳои пайдоиш ва хавфу хатари онҳо маълумот ва иттилооти зарурӣ дошта бошад.

Китоби”Таҳдидҳои замони муосир” аз 4 боб ва 3 қисм иборат буда, боби аввал “Масъалаҳои назариявию методологии таҳқиқи таҳдидҳо”, боби дуюм “Омилҳо ва сарчашмаҳои пайдоиши таҳдидҳо дар шароити муосир” ва боби сеюм “Баъзе хусусиятҳои таъмини суботи сиёсӣ дар шароити имрўза”номида шудааст.

Ин китоб барои магистрон, докторантони PHD, унвонҷўён ва мутахассисони соҳаи илмҳои сиёсӣ, инчунин ба мутахассисоне, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ таваҷчуҳ доранд, пешниҳод гардидааст.

Аз ин рў, хонандагон метавонанд китоби «Таҳдидҳои замони муосир»-ро аз Китобхонаи миллӣ дастрас намоянд

Таҳияи Бибираъно ҶӮРАЕВА,
мудири бахши китобҳои махсус.