Китоби нав. «Хушқадаме аз боми ҷаҳон»

ХушқадамеДар ин китоб ёддоштҳову хотираҳои арбоби намоёни Давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон, олими соҳаи фалсафа Давлатқадамов Хушқадам гирдоварӣ шудаанд. Ин шахси баруманд яке аз сиёсатмадорони номдорест, ки дар солҳои 60-70-уми асри гузашта барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои арзанда карда, ба ояндагон номи нек боқӣ ғузоштааст.  

Дар оғози китоб омадааст, ки мақсад аз иншои китоби мазкур шод намудани руҳ ва пос доштани хотири инсони донишпажӯҳу фарҳанггустар, арбоби давлатию ҷамъиятӣ Хушқадам Давлатқадамов мебошад. Дар остонаи таҷлили 100-солагии зодрӯзи ин марди зиндаёд дӯстон, ҳамкасбон ва шогирдонашон хотироти хешро дар ин китоб гирд оварда, номи неки ӯро дар ин ҷарида сабт намудаанд.

Таърих дар маҷмуъ аз давраҳои мушаххаси тараққиёт иборат буда, ҳар марҳалае ба номи шахсе вобаста аст, ки дар такомули ҷомеа саҳми назарраси худро гузоштааст. Хушқадам Давлатқадамов дар шумори ҳамин гуна мардон аст, ки сарнавишт муддате кашидани бори таърихро ба ӯ раво донистааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки таърих як фазои холӣ нест, балки онро одамони зинда ба вуҷуд меоранд, вале мо дар бораи абармардони миллатамон маълумоти кофӣ надорем. Вақти он расидааст, ки силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем».

Боиси сарфарозист, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 июни соли 2010 ҳангоми мулоқоташон бо сокинони ноҳияи Рӯшон фарзандони баруманди ин ноҳияро ёдоварӣ намуда, оид ба саҳми эшон дар пешрафти кишварамон чунин гуфтаанд: “Фарзандони шуҳратманди ноҳияи Рӯшон – Назаршо Додхудоев, Ғоибназар Паллаев, Меҳрубон Назаров, Хушқадам Давлатқадамов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Савсан Бандишоева, Гурминҷ Завқибеков, Хушбахт Хушвақтов, Нуқра Раҳматова, Азалшо Олимов, Раимқул Малахбеков ва даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта мебошанд, ки дар мақомоти баланди давлатӣ ва фарҳангу ҳунар барои халқу Ватан содиқона хизмат карда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд».

Муаллифони матолиби китоб шахсони баруманде амсоли Холмурод Шарифов, Шодӣ Шабдолов, Додхудо Карамшоев, Булбул Ҷумъаев, Шамсиддин Орумбеков, Ширин Бунёд, Темур Валаматзода ва дигарон буда, ҳамчунин баъзе мақолаҳо ва суханрониҳои Хушқадам Давлатқадамов низ дар он манзури хонандагон гаштаанд.

Китоби Хушқадаме аз боми ҷаҳон» соли 2024 дар нашриёти Эр-граф аз чоп баромадааст, хонандагон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.