Китоби нав: “ИҶЛОСИЯ: ПАРВОЗГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

ИҶЛОСИЯ: ПАРВОЗГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТКитоби мазкур соли 2022 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоди 1000 нусха нашр гардида, таҳиягарон ва мураттибони он Баҳром Мирсаид, номзади илмҳои филология, Иброҳим Ҷабборзода, номзади илмҳои таърих ва Абдумалик Қаюмов, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд мебошанд.

Китоб аз 4 боб иборат буда, дар он то қадамҳои аввалини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва зина ба зина боло рафтани ӯ дар ин самт, нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар  инъикос гардидааст.

Китоб бо саъю эҳтимом ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нашр гардидааст. “Аввалин суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори баланди садоқату ватандӯстиву ватанхоҳӣ аз қалб садо дода, дар дили мардуми азияткашидаи Ватан шӯълаи умеду бовариро фурӯзон намуд. Аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуданд, ки ҳар яки он дар саҳифаҳои таърихи Ватани азизу соҳибистиқлоламон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд” – қайд намудааст Раҷаббой Аҳмадзода дар мақола бо номи “Сӣ соли давлатсозӣ”, ки дар китоб ҷо ёфтааст.

Инчунин, дар китоби мазкур мақолаҳои Атахон Сайфуллоев, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Зафар давлатзода, Фирдавс Шарифзода, Мавҷуда Бобоева, шеърҳои шоирони мааъруф Лоиқ Шералӣ, Низом Қосим, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ниҳонӣ ва дигар шахсиятони маъруф чоп шудааст.

Китоб дорои аксу мусавварҳо аз рафти Иҷлосияи тақдирсоз иборат буда, дар охир руйхат ва аксҳои вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рӯи чоп омадааст.

Китоби “Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат” барои доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст ва хонандагон метавонанд онро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоянд.

Таҳияи Бунафша Раҳмонова