Китоби нав. “Истифодаи замин ва беҳдошти он”
Китоби гурӯҳе аз мутахассисони соҳаи кишварзӣ бо номи “Истифодаи замин ва беҳдошти он” аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз дидгоҳи тоза ва бо такя ба таҳқиқотҳои ахири илмӣ дар кишоварзӣ навишта шуда, барои мутахассисон дастури хуби илмист.
Дар сасухан аз ҷумла омадааст, ки вазифаҳои аввалиндараҷаи имрӯзаи илми хокшиносӣ, ин ҳифз кардани хок аз ҳамагуна ҳолатҳои харобшавӣ, барқарорсозӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо, ки офаридаи нотакрори табиат мебошад, ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳое, ки нишебзаминиҳо ҷойгиранд аз миқдори боришоти солона 70-80%-и он ба мавсими баҳор рост меояд, ки омили асосии ба миён омадани падидаҳои номатлуби шусташавии хок мегардад.
Кишоварзӣ дар заминаҳои лалмии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар ҳудуди пасткӯҳии намнокиашон ғайритаъмин ва нишебиашон аз 5 то 15 ташкил медиҳад, ҷойгир шуда, истифодаи нодурусти чарогоҳ, кишти зироатҳо бо равиши нишебии нишебзаминҳо, истифода набурдани киштгардони зироатҳои кишоварзӣ, нодуруст ҷойгир намудани боғу токзор, инчунин коркарди нодурусти байни қаторҳои онҳо сабабгори асосии ба таназзул (эрозия) гирифторшавии хок мешаванд.
Зироаткорӣ дар нишебзаминҳо на танҳо барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, балки барои пешгирӣ ва паст намудани суръати ҷараёни шусташавии хок, истифодабарии пурмаҳсул ва самараноки хок мусоидат менамояд. Чӣ тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ рӯ ба тараққиёт аст, аз он ҷумла соҳаи боғу токпарварӣ.
Таҷрибаҳои илмӣ ва мушоҳидаҳои солҳои охир нишон дода истодаанд, ки риоя накардани тарзу усул ва меъёрҳои обёрӣ боиси шусташавии қабати ҳосилхези хокҳо гашта, сабабгори аз 200 то 1200 т/га талаф гардидани қабати ҳосилхези хок мешавад. Зарари таназзулёбӣ ба хоҷагии халқ нафақат аз шусташавии хок балки инчунин аз бавуҷудоии ҷариҳо, оббурдаҳо, барбод рафтани ҳосилхезии замин, паст шудани ҳосили зироатҳо ва дигар омилҳои номатлуб иборат мебошад. Ҷинсҳои шусташуда ба дарёҳо шорида, онҳоро гилолуд мекунанд, боиси аз кор баромадани обҳавзҳо, каналҳо ва шоҳҷӯйборҳо мегарданд, ки тоза намудани онҳо маблағу қувваи зиёди кориро металабанд.
Хонандагон метавонанд китоби “Истифодаи замин ва беҳдошти он”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.