Китоби нав. Ҷамолиддин Саидзода: «Фирдавсӣ шоири паёмрасон»

Ин китоб ду сол пеш рӯи чопро дидааст ва ҳоло дар Китохонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа шудааст. Китоб се рисолаи муҳаққиқро дар бар гирифта, оид ба шуҳрати “Шоҳнома”-и безаволи пири Тӯс баҳс мекунад.

Дар сарсухани худ Ҷамолиддин Саидзода аз ҷумла навиштааст: Оре, Фирдавсӣ пайғамбари калом аст ва «Шоҳномааш»-аш барои эронинажодон, тоҷикону форсҳо манзалати Қуръонро дорад. Гузашта аз ин, Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ мояи ифтихори оламиён низ мебошад. Шукӯҳ ва шавкати Фирдавсӣ ва шеъри ӯ ҷовидонист ва абадуддаҳр дар қалби бани башар мемонад. Дигар, ин асари шоҳкор ва пурмояи Фирдавсӣ ҳамеша дар зиндагӣ ва маънавиёти инсон нерӯву тавоноӣ ва зинату ҳусн илқо менамояд. Зеро, ба эътирофи умум, Фирлавсӣ ва «Шоҳнома»-аш дар силки осор ва суханвароне қарор даранд, ки даҳо ва парчамбардори илму адаби башаранд.

«Шоҳнома» арзиши баланди умумиинсонӣ дорад. Аз он миллионҳо нафар одамони сайёра дар ҳар давру замон ғизои маънавӣ ва садҳо суханварон илҳоми эҷодӣ гирифтаанд. Фирдавсӣ, барҳақ, устоди сухан аст. Натанҳо устоди шеъру сухани аҷамиён, балки оламиён мебошад. Беҳуда нест, ки пас аз иншои «Шоҳнома» достону шеъру манзумаҳои зиёд дар пайравии он эҷод шудаанд. Аммо инро ҳам бубояд гуфт, ки аз тақлидгарону пайравонаш касе ба мақому мартабаи Фирдавсӣ  ва «Шоҳнома»-аш нарасидааст. Устод Айнӣ дар ҳамин маънӣ нигошта: «Муқаллидони «Шоҳнома» бисёранд. Машҳуртарини инҳо аз шуарои усмонии асри даҳуми ҳиҷрӣ Фирдавсии Тавил ном як шоир аст, ки бо номи султон Боязиди Усмонӣ дар ҳаҷми 380 ҷузъ як «Шоҳнома» навиштааст. Вақте ки ин шоир китоби худро ба султони мазкур тақдим мекунад, султон интихоб кардани 80 ҷузъи онро ва маҳв намудани бақияашро ба шоир амр мефармояд. Ин маънӣ ба шоир гарон меояд. Бинобар ин, ӯ ҳам ба Фирдавсии Тӯсӣ тақлид карда, султонро ҳаҷв намуда, ба тарафи Хуросон мегурезад. Аммо на «Шоҳнома»-и ӯ, на ҳаҷви ӯ, на гурехтани ӯ ба касе на ба султон ва на ба мардум таъсире намебахшад».

Малум ва мафҳум аст, ки аз мактаби адабии Фирдавӣ суханварони зиёде сабақи иншод ва эҷодгарӣ омӯхтаанд. Яке ӯро пайравӣ намуда, дигаре суханашро тазмин карда ва савумин дар ситоишаш шеър гуфтааст. Алқисса, ҳамагон бар шаҳомат ва бузургии «Шоҳнома» ва худованди он Фирдавсӣ сари таъзим  фурӯд меоваранд ва қоиланд. Биноан, ӯро васф менамоянд, муаллими  худ медонанд ва бахрамандии хешро аз каломи шаҳвораш иброз медоранд. Воқеан ҳам Фирдавсӣ деҳқони шеър аст ва хӯшачинонаш дар ҳар давру замона фаровон.

Китоби Ҷамолиддин Саидзода «Фирдавсӣ – шоири паёмрасон»- ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.