Китоби нав. Ҷамолиддин Саидзода: «Турсунзода – шоири миллӣ ва байналмилалӣ»
Дар китоб роҷеъ ба зиндагию осор, рӯҳи миллию байналмилалии ашъори устод Турсунзода, таъсирпазирию таъсиргузории ӯ, турсунзодаситезӣ, заминаҳои он ва ғайра изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, омӯзгорон, ҳаводорони илму адаб, ба вижа осори устод Турсунзода ва оммаи васеи хонандагон, пешниҳод мегардад. Бовар дорем, ки эшонро хуш меояд.
Муаллиф дар охирсухан ба китоби хеш навиштааст: Устод Мирзо Турсунзода – шоири бузурги асри ХХ маъруфтар аз он аст, ки дар бораи зиндагию осори ӯ сухан бигӯем ва ӯро бишиносонем, зеро ҳанӯз аз замони зиндагии шоир, то имрӯз дар кишвари мо ҳар сол ёдбуди ӯ гузаронида мешавад. Ҷашнҳое ба муносибати 80 – солагӣ ва 90 – солагии ӯ бо шукӯҳу шавкати том баргузор гардид. Албатта, рӯзҳои ёдбуд ва ҷашнҳои Турсунзода танҳо дар ватанаш Тоҷикистон сурат намегирад, балки берун аз ҳудуди он, аз ҷумла дар Маскав низ гузаронида мешавад. Дар ин ҷашнвораҳо адибон аз кишварҳои дуру наздик гирди ҳам ҷамъ мешаванд ва дар бораи мақому осору шахсияташ сухан мегӯянд, маколаву гузоришу рисолаву китобҳо пешниҳод ва нашр менамоянд. Маълум аст, ки дар бораи аҳволу осори ин шоири фарзонаи миллати тоҷик хеле зиёд навиштаанд, аммо ҳанӯз сухани гуфтанӣ дар бораи ӯ, ба андешаи мо, хеле зиёд аст, зеро устод Турсунзода дар ду давр зиндаги кардааст: давраи қабл аз инқилоб ва пас аз инқилоб, яъне замони Шӯравӣ. Дигар: бо пош хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлол расидани собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба адабиёт, рӯзгору осори шоирон, аз ҷумла устод Турсунзода назарҳои мухталиф пайдо шуданд, ки онҳо хеле мураккабу печида, зидду нақиз ва бисёр вақт дур аз воқеъият мебошанд. Бино бар ин, хоҳ – нохоҳ, гоҳе ин андешаҳо ҷанбаи сиёсӣ, гоҳе эҳсосӣ ва гоҳе яктарафа баҳо додан ба осори ин шоири бузургро мегиранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо ба осори шоир ва мақоми ӯ дар адабиётамон баҳои воқеъӣ ва мунсифона бидиҳем ва бад-ин тартиб ба як давраи муҳимми инкишофи он, ки адабиёти аҳди шӯравӣ ном гирифта, яксара хати бутлон накашем, зеро адабиёти ин аҳд, бо ҳама фуруду фарозҳояш, дорои андешаҳои олӣ ва мутараққӣ буда, ки ҳанӯз ба гунаи боиста шикофта нашудааст, ҳар чи гуфтаанд, асосан, яктарафа гуфтаанд. Ё онро билкул ситоиш кардаанд ва ё осонакак рад намудаанд, аммо ҳақиқат чунин нест, балки ба гунаи дигар аст. Ин давраи инкишофи вижаи адабиёти мо, ки ба сохти сотсиалистӣ дар ҷомиа вобаста буд, саршор аз осори васфшаванда ва қобили қабул мебошад, як давраи муҳим ва заминасозе барои адабиёти мо, яъне адабиёти асри ХХI мебошад. Аммо ин мавзуъ таҳқиқоти алоҳидаро металабад. Ҳоло ҳарфи мо рӯи ҳаёту осори устод Турсунзода аст, яьне Турсунзода кист ва чӣ гуфт!
Хонандагон китоби Ҷамолиддин Саидзода «Турсунзода – шоири миллӣ ва байналмилалӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд