Китоби нав. Ҷӯрахон Обидпур. Андар шинохти рубоӣ ва дубайтӣ

andar-shinohti-ruboiИн китоб чанде пештар дар нашриёти “Аржанг” чоп шудааст ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки ба истиқболи 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешавад.

Дар китоб масъалаи  шинохти вазни рубоӣ  ва дубайтӣ аз нигоҳи илми мусиқишиносӣ баррасӣ шуда, муаллиф меъёр ва андозаҳои ритми ин жанрҳои адабиро муайян намудааст. Китоб ба мусиқашиносон, адабиётшиносон, санъаткорон, донишҷуёну хонандагони  мактабҳои  мусиқӣ тавсия дода шудааст.

Муаллифи китоб донандаи хуби мусиқӣ ва олими маъруфи санъатшинос, компазитор, навозанда, дирежёр, омӯзгори шинохтаи тоҷик Ҷӯрахон  Обидпур аст.

Ҷӯрахон Обидпур Арбоби ҳунари Тоҷикистон  (1991). Профессор (2001), Аълочи фарҳанг (2000), Аълочии маориф (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000), соҳиби Ҷоизаи ИК Тоҷикистон ба номи Борбад (2019). Аз соли 1998 узви  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошад.

Ҷӯрахон Обидпур дар инкишофи санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахасисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшонӣ ва прима)  яке аз омӯзгорони  пешбару варзида мебошад. Ӯ нахустин профессори соҳа ба ҳисоб рафта, 34 нафар шогирдро тарбия намудааст (аз ҷумла 11 нафар лаурету дипломант).

Муаллифи зиёда аз 30 китобҳои дарсӣ, рисолаҳои мусиқӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳо, хрестоматия (аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 4 монография) ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.

Қариб 100 суруду навоҳои халқиро ба нота гирифтааст. Чун композитор беш аз 100 суруд бо ҷӯрашавии ансамблҳои  созҳои халқӣ, эстрадӣ ва оркестри созҳои халқӣ, 2 сюитаи овозиву рақсӣ, 2 фантазия барои рӯбоб бо ҳаммуалифии К.Тушинок ва зиёда 100 суруду  хорҳои  бачагона  навиштааст  (аз ҷумла  ӯ ба 17 шеъри 17 бачагонааш  худаш оҳанг бастааст).

Профессор Обидпур  ритмшинос (вазншинос) буда, таъби шоирӣ низ дорад. Ӯ дар ин самт дар жанрҳои гуногун зиёда 800 мисраъ шеър эҷод намудааст. Ҷ. Обидпур дар чандин озмунҳои  байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба сифати аъзо, муовини раис ва раиси ҳакакмон фаъолона ширкат варзидааст.

Китоби “Андар шинохти рубоӣ ва дубайтӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахасисси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.