Китоби нав: Камолиддин Каримов: “Писари чойхона”

Писари чойхона”. Чунин ном дорад китоби нави омӯзгор ва рӯзноманигор Камолиддин Каримов. Ӯ тавассути жанрҳои қисса, ҳикоёт ва лавҳа хастааст ҳодисаҳои воқеъиеро, ки аз ҳаёту сарнавишти ширин ва гоҳе талхи рӯзгори бархе аз ҷавонону ашхоси воқеъӣ нақл мекунанд ба риштаи тасвир кашида амсоли ганҷи пурқиммат ба хонандагони нуқтасанҷ  пешниҳод менамояд.

Қисса, ҳикоёт, лавҳа ва мақолаҳои Камолиддин Каримов хонандаро ба некиву накӯкорӣ, шарафу мардонагӣ ва муҳаббат ба Ватан даъват менамояд.

Камолиддин Каримов 29 уми – сентябри соли 1981 дар деҳаи “Пишанбе”-и ҳозира ноҳияи Варзоб чашм кушод. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба баҳои аъло хатм кардааст.

Аз солҳои аввали донишҷӯияш  ба тавсияи устодон дар мактаб ба фаъолияти омӯзгорӣ сар кард.

Тайи чанд соле, ки ҳамчун омӯзгор машғули кор буд, беҳтарин дастовардҳои соҳавӣ ва илмиро ба даст овардааст. Ӯ давоми солҳои 2022 – 2023 дар шаҳри Ульяновски Федератсияи Русия ҳамчун муовини аввали Президенти ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Уляновск “Азия” фаъолият намуда, дар муаррифии фарҳангу тамаддуни миллии тоҷикона дар шаҳрҳои Уляновск, Қазон, Саратов, Сочӣ ва дигар минтақаҳои Русия саҳми арзанда гузоштааст.

Камолиддин дар маҷалла ва рӯзномаҳои кишвар теъдоде аз ҳикояву мақолаҳои худро нашр кардааст. То имрӯз бештар аз 15 дастурҳои тестӣ барои хонандаҳои мактабҳои миёна, китобҳои “Пешвои ман” (2019), “Шабе дар гӯристон” (2023), “Садоқат ба Ватан ва ҳифзу ҳиросати давлатӣ миллӣ” (2024) – ро нашр намудааст.

Соли 2023 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди наср” ғолибиятро ба даст овардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.08.2025 бо унвони фахрии “Донори ифтихории Тоҷикистон”, бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2021 бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо қарори мушовараи (фармоиши) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2021 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. Аз соли 2023 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Хонандагон китоби Камолиддин Каримов «Писари Чойхона »-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Акрамова Шаҳнавоз,

мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд 

Теги: мукаммалгардонӣ