Китоби нав. «Китобхонаи кӯдакон дар даврони Истиқлол»
Китоби нави пажӯҳишгари тоҷик Шариф Комилзода бо номи “Китобхонаи кӯдакон дар даврони Истиқлол” дар нашриёти “Аржанг” ба тозагӣ интишор ёфта, ба 50-солагии Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаи Миршакар бахшида шудааст.
Дар китоб фаъолияти иалмӣ-меътодӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар даврони истиқлол ва ҳамзамон саҳми китобхона дар ташкил ва баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти Китобхона, мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтааст.
Китоб барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ, донишҷӯён ва омӯзгорони факултету бахшхои китобдории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ пешниҳод шудааст.
Муаллиф дар пешгуфтори китоб овардааст, ки Истиқлоли Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Дар ин радиф барои пешрафти фаъолияти китобхонаҳои мамлакат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла ба тасвиб расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ доир ба фаъолият китобдорӣ, бунёди биноҳои нави замонавӣ барои китобхонаҳои мамлакат, ташкили мағозаҳои китобфурӯшӣ, намоишгоҳҳои китоб, баргузории озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ оид ба эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобхонаӣ ва дигар тадбирҳои судманд дар маҷмуъ ба рушди соҳаи китобдорӣ мусоидат карданд.
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (минбаъд КДБҶ ба номи М. Миршакар) ҳамчун муассисаи иттилоотию фарҳангӣ ва омӯзишӣ дар заминаи фондҳои мукаммали ҳуҷҷатҳо ва навъҳои гуногуни хидматрасониҳо барои қонеъ гардонидани талаботи иттилоотӣ, эҷодӣ, маънавӣ, фароғатӣ ва умумифарҳангии кӯдакону наврасон шароит муҳайё сохта, дастрасии роҳбарони хониш: падару модарон, мураббияҳо, омӯзгорон ва китобдоронро ба сарчашмаҳои иттилоотӣ таъмин менамояд.
Китобхона дар асоси Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон аз 23 январи соли 1974, таҳти № 21 таъсис дода шудааст. Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2003, таҳти № 2/11 китобхона номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакарро гирифтааст.
КДБҶ ба номи М. Миршакар дар тӯли солҳои фаъолияташ 190 номгӯй маводи библиографӣ, илмӣ-методӣ, методӣ-тавсиявӣ, адабӣ-бадеӣ ва илмӣмаърифатӣ барои кӯдакону наврасон ва роҳбарон ва хониши онҳо таҳияву интишор кардааст. Аз ин ҳисоб 87 мавод дар даврони шуравӣ ва боқимонда 103 мавод дар даврони соҳибистиқлолии кишвар чоп шудаанд.
15 сол муқаддам муаллифи ин сатрҳо ба ифтихори 35-солагии таъсиси китобхона дастури библиографии «Нашрҳои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар»-ро ба табъ расонд, ки дар он маводи тӯли солҳои 1978-2009 нашркардаи китобхона мавриди таҳлил қарор гирифта буд.
Китобе, ки ҳоло пешниҳод шудааст, оид ба масъалаҳои фаъолияти илмӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва библиографии КДБҶ ба номи М. Миршакар дар даврони Истиқлол, саҳми китобхона дар ташкил ва баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхона ва нашрҳои китобхона дар солҳои 1991-2024 (китобнома) маълумот медиҳад.
Барои баррасӣ ва инъикос намудани тамоми самтҳои фаъолияти китобхона ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотии кулли китобҳонаҳои бачагонаи мамлакат ва муайяну мушаххас намудани ҳадафу вазифаҳо ва намудҳои асосии фаъолияти китобхона, нишон додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ-методии китобхона дар шароити рушди технологияи иттилооти-коммуникатсионӣ зарур дониста шуд, ки дар поёни китоб лоиҳаи Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар» замима гардад.
Китоби Шариф Комилзода «Китобхонаи кӯдакон дар даврони Истиқлол» ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.