Китоби нав. “КРИМИНАЛИСТИКА”

 Китоби дарсии Криминалистика соли 2022 аз ҷониби Корманди шоистаи илми Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Лавров Владимир Петрович, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Корманди шоистаи илми Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Волынский Александр Фомич дар ҳаммуаллифӣ дар матбааи ҶДММ «Эр-граф» ба забони русӣ ба табъ расидааст.

         Дар китоби мазкур асосҳои консептуалӣ ва тавсияҳои амалӣ оид ба ҳамаи чор фасли илми криминалистика: назарияи умумии он, технологияи криминалистӣ, тактикаи криминалистика, усулҳои тафтиши баъзе намудҳои ҷиноятҳо оварда шудааст. Дар ин китоби дарсӣ муқаррарот доир ба фаъолияти ҷиноятӣ ҳамчун объекти омўзиши криминалистӣ, мухолифат ба тафтиши ҷиноятҳо ва чораҳои бартараф кардани он, дастгирии судӣ барои тафтиши ҷиноятҳо, вазъи кунунии таълимоти судӣ оид ба муайян намудани ташхис ва ғайра ба назар гирифта шудааст.

         Муқаррароти умумии технологияи криминалистӣ ва ҷанбаҳои татбиқи истифодаи он бо дарназардошти дастовардҳои илмии солҳои охир дар ин соҳа ошкор карда шудаанд. Банақшагирии тафтишот ва паҳлўҳои криминалистӣ, тактикаи амалҳои тафтишотии инфиродӣ, аз ҷумла, ба масъалаҳои марбут ба рушди пешрафти илму техника дар Россия ва Тоҷикистон дар асри XXI, масалан, тактикаи гўш кардан ва сабти гуфтушунидҳо васеъ истифода шудаанд.

         Китоби дарсӣ пеш аз ҳама барои курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои корҳои амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафтишоти ҷиноятҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла, донишҷўён, омўзгорон, муҳаққиқони соҳаи мазкур муқаррар гардида, инчунин барои курсантҳо, шунавандагону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низ муфид аст.

         Қобили зикр аст, ки айни ҳол китоби мазкур дар «Толори академикон ва докторони илм», дар гўшаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳимзода Р.Ҳ. нигаҳдорӣ мешавад, ки барои кулли хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас мебошад.

Бибираъно Ҷӯраева, Сардори Шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ.