Китоби нав. «Латифаҳо ва афсонаҳои тоҷикӣ»
Дар ин китоб латифа ва афсонаҳои точикӣ, ки дар миёни мардумони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруфанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Латифаҳо аз рӯи дастнависҳои маҳфуз дар бойгонии ҷамъоварандаи онҳо, адабпажӯҳ ва фолклоршиноси соҳибноми тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саъдӣ Маҳдиев таҳия ва омодаи нашр гардидаанд. Дар бахши дувуми китоб мақолот, ёдномаву хотираҳои адабпажӯҳону ҳамкорон, дӯстону шогирдони Саъдӣ Маҳдиев ҷой гирифтаанд, ки дар шинохти зиндагӣ ва фаъолияти илмии ин донишманди зиндаёд арзиши хеле муҳим доранд. Дар умум, ба китоб 6626 адад латифа ва афсонаҳои тоҷикӣ ва 4 адад ӯзбекӣ шомил шудаанд. Китоб дар нашриёти “Нодир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Кист Саъдӣ Маҳдиев? Барои посух ба ин суол пораеро аз сарсухани доктори имлҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Ҷумъа Ҳамроев ба китоби мазкур меорем.
Номи Саъдӣ Маҳдиев барои аҳли таҳқиқ, бавежа дар ҳавзаҳои илмии Душанбеву Самақанд ҳамчун шахсияти соҳибзавқ, фолклоршинос, суханвар аз солҳои 60-80-уми асри гузашта ошност. Ӯ 25 майи соли 1932 дар деҳаи Қӯшмасҷиди Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми факултети филологияи точики Донишгоҳи давлатии Самарқанд муддате ба ҳайси омӯзгор ва сарвари мактаб дар ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд фаъолият намудааст. Аз ҷумла, бунёди мактаби миёнаи деҳаи Синтоби ноҳияи мазкур ба ибтикор ва ташаббуси устод, ки дар мақоми директори мактаб фаъолият доштанд, бунёд гардидаанд.
Бо сабаби ишқу алоқаи бузург ба адабиёти гузашта, бавежа адабиёти гуфтории тоҷикӣ соли 1960 ӯро ба Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон овард ва ҳамин тавр, фаъолияти пажӯҳандагии хешро ҳамчун ходими илмии ин боргоҳи илм аз ҳамон сол шурӯъ намуд. Ҳарчанд солҳои 1971-1980 ҳамчун дотсенти кафедраи психологияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин (ҳоло ба номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов) кор кардааст, вале умри азизи хешро асосан сарфи фароҳамоварӣ ва таҳқиқи жанрҳои хурди адабиёти гуфтории тоҷикӣ, бавежа латифа намудааст. Самара ва натиҷаҳои аввали ҷусторҳои илмии адабиётшиноси соҳибназар Саъдӣ Маҳдиев ба таълифи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Муаммои жанри латифа дар асоси маводи адабиёти гуфтории тоҷикӣ ва ӯзбекӣ анҷом ёфт, ки дар соли 1969 дар шӯрои назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ (ҳоло ба номи Шароф Рашидов) ба дифоъ расид. Донишманди мумтоз барои фароҳамоварӣ ва таҳқиқи латифаҳои мардумии тоҷикӣ дар чандин экспедитсияҳои фолклорӣ ширкат намудааст. Ӯ муваффақ бар он шудааст, ки бештар аз панҷ ҳазор афсонаҳои латифаҳои тоҷикиро аз миёни мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Қаротегину Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар, Варзоб, Самарқанду Бухоро, хоса Ғиждувон, ки зодгоҳи устод Садриддин Айнӣ мебошад, ҷамъоварӣ намояд, ки таҳқиқоташ бар пояи ҳамин маводи арзишманд сурат гирифтааст. То дифоъ ва пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба нашри чанд китоби муҳим дар заминаи латифаҳо муваффақ гардид, ки аз ҷумлаи онҳо «Ҳикоёти латиф» (1968), «Қатра-қатра дарё шавад» (1971), «Проблемаи жанри латифа» (1977) мебошанд. Агар ду китоби аввал асосан фарогири маводи амалӣ, яъне намунаҳои латоифи мардумии фароҳамовардаи муҳаққиқ Саъдӣ Маҳдиев бошанд, китоби «Проблемаи жанри латифа» ҳосили ҷустор ва таҳқиқоти ӯ роҷеъ ба ин навъи маъмулии насри адабиёти гуфторӣ ва китобии тоҷик ба шумор меравад. Ба таъбири дигар, ин китоб дар асоси таҳқиқи маводи фароҳамшуда ба қалам омадаву интишор ёфт, ки асоси рисолаи номзадии устодро ба вуҷуд овардааст.
Саъдӣ Маҳдиев ҷусторҳо, фароҳамоварӣ ва таҳқиқи латифаҳои мардумии тоҷикии идома бахшида, дар заминаи сарчашмашиноси решаҳои таърихии зуҳури онҳоро низ мавриди омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа самараи таҳқиқоташро дар заминаи сарчашмашиносӣ ва таҳаввули жанрҳои хурди насри классикии форсу тоҷик ба анҷом расонида, дар асоси он рисолаи докториашро омода намуд. Рисолаи доктории Саъдӣ Маҳдиев «Сарчашмаҳо ва таҳаввули жанрҳои хурди насри форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХV» унвон гирифта, муаллиф онро соли 1986 дар шаҳри Душанбе ба дифоъ расонид. Дар идомаи фаъолиятҳои хеш дар таҳқиқи намунаҳои фолклори тоҷик корномаҳои шоёне ба сомон расонид, ки бахше аз онҳо ба сурати китобҳои алоҳида нашр шудаанд. Рисолаи таҳқиқотии устод Саъдӣ Маҳдиев дар соли 2001 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Аз таърихи насри форсу тоҷик» (бо забони русӣ) ба чоп расид, ки дар асоси таҳқиқоти барои дифои дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ анҷомдодаи муаллиф интишор ёфта, ҷусторҳои муҳиму судманди илмии олимро дар баррасии сарчашмашиносӣ ва заминаҳои таҳаввули жанрҳои хурди насри классикии тоҷикро фаро мегирад. Соли 2003 бошад, китоби дигари устод бо номи «Панҷ гуфтор» аз чоп баромад…
Ҳоло китоби “Латифа ва афсонаҳои тоҷикӣ”-и донишманди маъруф Саъдӣ Маҳдиев дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.