Китоби нав. М. Хидирзода: “Ниҳоди Пешвои миллат”
Китобе, ки таҳлили фалсафиву сиёсист, имсол аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов нашр шудааст. Ин монография ба таҳлил ва омӯзиши масъалаи ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар китоб ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва таърихии ташаккули ниҳоди мазкур ҳамчун мақоми идорӣ ва роҳбарӣ, хусусиятҳои он дар Тоҷикистон, моҳияти ҷанбаҳои таърихию сиёсии он, санъати идоракунӣ, нақши ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа, таҳкими мавқеи ниҳоди мазкур, нақши ниҳоди Пешвои миллат дар болоравии сатҳи камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Монография ба ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ мароқ доранд, тавсия дода шудааст.
Дар муқаддима Ниҳоди Пешвои миллат ин гуна шарҳ ёфтааст: Рушди ҷомеа вобаста ба эҳтиёҷоти иҷтимоию сиёсии пайдошаванда ҷиҳати ташаккули арзишҳои нави сиёсӣ замина фароҳам меоварад. Ба ин раванд сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ, шуури сиёсӣ ва маърифату фарҳангӣ сиёсӣ низ мусоидат менамояд. Ташаккули арзишҳои нави сиёсӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти муътадили рушдро соҳиб шаванд. Ба инобат бояд гирифт, ки маҳз низоми арзиши ҷомеа василаи муҳимми таъминкунандаи суботу ягонагӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Умумияти ғоявӣ, ягонагии мақсадҳо ва тамоюли ҳамоҳанги арзишӣ ба ин мусоидат менамояд. Омили мазкур ба ҳайси василаи пайванди иҷтимоӣ метавонад намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам оварад. Дар натиҷа якдилии иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, идоракунии он осон мегардад.
Вобаста ба ин, дар шароити соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон низоми комилан нави арзишҳои сиёсӣ ба вуҷуд омада, таҳким ёфта истодааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад, ки асоси онро таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ақидаи ғайр, даст кашидан аз зӯроварӣ, созиш ва гузашт, муколама ва музокирот ташкил медиҳад. Ин ҳама арзишҳое мебошанд, ки тавассути онҳо ихтилофу зиддият бо роҳи созишу ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шуда метавонанд. Аҳамият ва муҳим будани онро ҷомеаи Тоҷикистон дар таҷрибаи таърихии худ санҷидааст.
Ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун арзиши муҳимми сиёсӣ ҳам ҷанбаи институтсионалӣ ва ҳам сохторию функсионалӣ дошта, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон падидаи комилан нав мебошад.
Ниҳоди мазкур нишонаи қадрдонӣ ва эътирофи ҷомеаи Тоҷикистон аз заҳмат ва хидматҳои шахсияти таърихиест, ки тавонист раванди давлатдории моро дар садаи XX сифат, хусусият ва мазмуни тоза бахшида, мушкилтарин масъалаҳои давлатдории миллиро ҳал намуда, пойдории онро таъмин намояд.
Дар марҳалаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист хатари нобудшавии давлатро аз байн бардорад ва кишварро аз таҳдиди нестшавӣ раҳо бахшад. Омилҳои гуногуни субъективию объективӣ, аз он ҷумла азбайнравии Иттиҳоди Шуравӣ ва низоми сотсиалистӣ, ки асоси онро азбайнравии якбораи ғояҳои муттаҳидкунанда ва арзишҳои роҳнамункунанда ташкил медод, номуайянии идеологиро ба вуҷуд оварда буд. Дар шароити халои идеологӣ ва арзишӣ идора намудани ҷомеа кори бениҳоят мушкил буда, ҷомеае, ки низоми арзишии худро ба якборагӣ аз даст медиҳад, ба буҳрони шадиди муносибатҳо мувоҷеҳ мешавад. Маҳз чунин буҳронро ҷомеаи Тоҷикистон дар охири садаи XX аз сар гузаронид.
Аз диди таърихию сиёсӣ баҳо додан ба воқеияти иҷтимоии он замон нишон медиҳад, ки вазъи мушкил, буҳрони ҳокимият, номуайянии арзишӣ, дахолати қувваҳои беруна, фурӯхта шудани қисме аз неруҳои мухолифин ва идоракунии онҳо аз берун раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиро мушкилу номумкин гардонида буданд. Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Бо гузаштани марҳалаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гаштааст, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Пешвои миллат боис гардид. Бояд қайд намуд арзиши мазкур сохтаю сунъӣ набуда, он дар умқи ҷомеа ташаккул ёфта, сипас дар чаҳорчӯбаи қонун шаклбандӣ шудааст. Моҳияти институтсионалии он имкон дод, ки ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун мақоми нави иҷтимоӣ пазируфта ва эътироф карда шавад.
Моҳияти сохторию функсионалии он бошад, нақши ниҳоди Пешвои миллатро ҳамчун мақоми идорӣ, ки вазифа, салоҳият ва имкониятҳои муайян дорад, муқаррар намуд. Дар айни замон мо метавонем боифтихор дар бораи санъатӣ хоси идоракунӣ, мактаби давлатдорӣ, мавқеъ ва нуфузи ниҳоди мазкур ҳамчун ниҳоди расмӣ суханронӣ намоем.
Ниҳоди Пешвои миллат сохтори комилан нав дар таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз нуқтаи назари аҳаммияти иҷтимоию сиёсии худ он ба сифати ҷавҳари муттаҳидкунанда баромад намуда, дар сафарбарии ҷомеа ҷиҳати муваффақ гаштан ба натиҷаҳои интизорӣ нақши бузург дорад. Ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда мешаванд, ҳамовозӣ ва ҷонибдории худро дар умқи ҷомеа пайдо менамоянд.
Бояд тазакур дод, ки ҷомеа беш аз ҳарвақта ба неруи маънавию сиёсие ниёз дорад, ки тавонад дар мушкилтарин лаҳзаҳо онро роҳбару роҳнамо бошад. Чунин неру дар шароити муосири Тоҷикистон ниҳоди Пешвои миллат мебошад. Аз ин рӯ, пойдор нигоҳ доштан ва таҳкими мавқеи ниҳоди мазкур барои ҷомеаи мо дар шароити муосири геополитикӣ амри зарурӣ мебошад.
Китоби М.Хидирзода “Ниҳоди Пешвои миллат”- ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.