Китоби нав. Маҳмадбек Заробеков: «Зиндагӣ ва фаъолияти омӯзанда”
Муаллифи ин китоб шахсест, ки умре дар соҳаи маориф кор кардаву аз муаллими одӣ то ба зинаҳои сарварии мактаб ва сатҳи устодӣ расида, имрӯз ӯро чун як мактабшиноси варзида, педагоги маъруф ва мутахассиси ҳирфаии соҳаи маориф, физикдони шинохта мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд.
Маҳмадбек Заробеков дар ин китоб аз таҷрибаҳои худ, мушкилоти маориф, роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо, муаллим ва нақши он ба рушду пешрафти ҷомеа навиштааст. Дар заминаи ҳикоятҳои ҷолибу шавқовар, шуруъ ва омўзгорӣ то кор дар вазифаҳои масъули соҳаи маориф (дар Вазорати маориф ва илм, идораву зерсохторҳои он) муаллиф ҳамчун мактабшиноси соҳибтаҷриба бо нақли лаҳзаҳои ибратомўз таъкид мекунад, ки омўзгор бояд соҳиби хислатҳои неку писандида, амсоли поквиҷдонӣ, маъсулиятшиносӣ бошад.
Китоб метавонад барои навсафарони роҳи маориф омӯзанда ва муфид бошад.
Дар муаррифи муаллиф дар ҳамин китоб мехонем: Заробеков Маҳмадбек (Аҳмад) 10 апрели соли 1944 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шуда, ба камол расидааст. Дар ҳафтсолагӣ ба мактаби 7-солаи ба номи М. Ломоносови ноҳия дохил шуда, баъди хатми синфи ҳафт таҳсилро дар мактаби убари дарёи маркази ноҳия, синфи 9 ва 10- ро дар мактаби миёнаи №2 хатм намудааст. Як сол баъди хатми мактаб ҳамчун колхозчӣ кор карда, соли 1962 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ба факултаи физика дохил шуда, соли 1967 донишгоҳро бо ихтисоси физик, муаллими фанни физика хатм кардааст.
Соли 1968 дар Қувваҳои Мусаллаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хизмат карда, вазифаи интернатсионалистии худро дар Чехославакия иҷро кардааст.
Фаъолияти педагогии худро дар мактаби № 8 – шаҳри Норак, мактаби №37- деҳаи Новободи шаҳри Қурғонтеппа ба роҳ мондааст.
Баъди хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаби миёнаи №3-и деҳаи Бунай ҳамчун муаллими фанҳои физика ва математика, дар мактаби №5 ба ҳайси муаллими физика ва муовини директор оид ба таълиму тарбия ва дар мактаби №4 ба ҳайси муаллими физика ва директори мактаб идомаи фаъолият бинмудааст.
Аз соли 1995 то соли 1998 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзи коркунони соҳаи маъориф ба ҳайси мудири кабинети воситаҳои техникӣ ва методисти физика кор кардааст.
Аз соли 1998 то соли 2008 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2008 то соли 2016, баъди ба нафақа баромадан, бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мудири кабинети методии муассисаҳои таҳсилоти умумии муштарак, Маркази ҳамоҳангсозии муассисаи давлатии таҳсилоти умумӣ ва кабинети методии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба уҳда дошт.
Соли 2017 ба ҳайси сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф кор кардааст.
Ҳоло дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба таҳқиқоти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳамроҳи коллективи педагогӣ машғул мебошад.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.