Китоби нав. Маҳкамов Дастам: «Ҷавҳари ҳикмат»

Ҷавҳари ҳикматИн китоб соли ҷорӣ бо қарори шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон чун дастури маънавӣ-ахлоқӣ ба чоп тавсия ва нашр шудааст. 

Доктори илми педагогики профессор Муҳаммад Лутфуллозода дар пешгуфтори китоб зикр намудааст, ки дастнависи китоби Маҳкамов Дастам зери унвони «Ҷавҳари ҳикмат» ба дастам расид, ба он аз тамоми паҳлу шинос шуда, дарк намудам, ки дар тарбияи маънавӣ ахлоқии хонандагону донишҷуён ва пешгирии косташавии маънавиёт ва ахлоқи насли наврас маводи манфиатовар ва саривақтӣ мебошад.

Китоб маводи арзандае дар рафти амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ба эътибор гирифтани унсурҳои асосии «Консепсияи миллии тарбия» дар раванди ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи дорои арзиши баланд мебошад.

Китоби мазкур ҳамчун гувоҳномаи рӯзгор аз арзишҳои ахлоқию маънавии миллати тоҷик ва шахсан мардуми сарзамини мо мебошад, ки он аз хаёлбофӣ тоза буда, дар замини ҳодисоти воқеӣ бо ишораи қаҳрамонони воқеӣ дидаву шунидаҳо ва натиҷаи хулосаҳои илмиву назариявӣ тавлид гардидааст.

Мушоҳида ва бардоштҳои муаллиф марбут ба паҳлуҳои муҳимми рӯзгори мардум, фарҳангу тамаддуни қадимии ориёии миллат, суннатҳои қадимии он, чун нангу номуси миллӣ, дарки некӣ ва накукорӣ, ростқавлӣ ва покандешиӣ, таблиғу талқини сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба мулку диёр, дастгирии бародаронаву беғаразона нисбат ба атрофиёну аҳли байт ва нозукиҳои оиладорию меҳмоннавозӣ дар ин китоб ҷойи асосиро ишғол менамояд.

Муаллиф дар ин асар то тавонистааст ҳамчун файласуф мартаба ва мавқеъи инсонро мавзуи асосии таҳлил ва хулосабарории хеш қарор дода, гавҳари ҳикматро пешкаши ҳаводорон гардонидааст. Муаллиф ба марҳилаҳои асосии камолот, зеҳну фаросати азалӣ такя намуда, ҷузъитарин василаи тарбияро дар раванди омӯзишу парвариш бо нигоҳдории мақоми асл ва моҳияти хосса ҷилвагар сохтааст. Ин китобро ба даст гирифта дар вакти таҳлил ва  омӯзиш ҳар як фард дар ҷой ва вақти зарурии иҷрои амал худ ё атрофиёнро меёбад…

Хонандагон китоби «Ҷавҳари ҳикмат»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.