Китоби нав. “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”
Се ҷилд китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”, ки соли гузашта чоп шудаанд, ба Китобхонаи миллӣ ворид шуданд. Ин китобҳо таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ омода ва чоп шудаанд.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Талбак Назаров сарсухани пурмуҳтавое ба ҷилди аввали китоб навштааст, ки дар зер меояд:
Таҳқиқоти илмие бо чунин ном бори аввал аст, ки аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик таълиф ва нашр мегардад. Дар фарқият аз мақолаю китобҳое, ки дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расидаанд, ин як таҳқиқи илмии ҷомеи академӣ аст.
Муаллифон бо истифода аз назарияи давлат ва давлатдории муосир, назарияи нақши шахсият дар таърихи давлатдорӣ, ба кор гирифтани усулҳои мухталифи таҳқиқоти илмӣ марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳқиқи илмӣ ва амалӣ қарор додаанд.
Таҳқиқоти мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда,таърихи қариб 30-солаи ташаккули як давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Сарвари он фаро гирифтааст. Дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ, аз байн рафтани низоми давлатдориҳои гуногун, аз ҷумла, давлати пуриқтидори Шӯравӣ, ки тақдири садҳо миллион мардумро дар минтақаҳои гуногун дигаргун сохт, омӯзиши ин масъала аҳамияти бештар пайдо намуд .
Дар чунин вазъият танҳо сарварони дорои истеъдоди фавқулода метавонанд, масъулияти давлат ва мардуми онро ба дӯш бигиранд ва киштии давлатдориро дар шароити тӯфони пурдаҳшат ба соҳили умед бирасонанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое, зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш мегиранд, кишвар ва мардумро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд.
Дар ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта, замоне ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, ба пешвои мушфиқ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, бо дӯсту душман муросо намояд, яъне бо дӯстон мурувват кунаду бо душманон роҳи мадороро пеш бигирад ва Тоҷикистонро ба кишвари амну босубот, пешрафта ва намунаи давлатдории миллӣ табдил диҳад. Ин роҳбари хирадманду боирода дар шаҳри Хуҷанд ба майдони сиёсат ворид шуд.
Ин китоб, ки бахши аввали таҳқиқоти илмии ҷомеъ дар ин мавзӯъ мебошад, аз 6 боб иборат буда, муаллифон дар паёдарпайии мантиқӣ ва хронологӣ марҳилаҳои ташаккул ва рушди мактаби бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар асоси сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ таҳқиқ намудаанд.
Боби аваали китоб ба баррассии нақши Пешвои миллат дар пойдор намудани амнияту субот ва бунёди пойдевори давлатдории навини тоҷикон бахшида шуда, дар он вазъияти сиёсии Тоҷикистон дар охири соҳои 80- ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX ,шароити дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шудани вакили ин Шӯро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил гардида, сипас нақши Пешвои миллат дар баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, таҳқими сулҳу ваҳдат, истиқлолият, талошҳои пайгиронаи ӯ барои ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон инъикос шуданд.
Табиист, ки обрӯ ва маҳбубияти мардумӣ ба ҳеч кас осон даст намедиҳад. Барои ин ба ғайр аз хислатҳои азалии инсон ва роҳбар боз заҳмати шабонарӯзӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи миллат ҷоннисорӣ ба хотири таҳқими истиқлолият, обрӯву нуфузи байналмиллалии давлат ва пешрафти кишвар зарур аст.
Боби дуввум китоб маҳз ба ҳамин мавзӯъҳо, яъне шинохта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти мардумӣ, таҳлили хислатҳои неки инсонӣ, ки муаллифон онро мактаби одамияти ӯ номидаанд, ҳамчунин, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории ҳизби воқеан мардумӣ бахшида шудааст.
Боби сеюм ва чоруми китоб ба масоили итисодӣ, нақши Пешвои миллат дар рушди устувор ва амалисозии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангсолории ӯ бахшида шудааст. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва таъмини якпорагии ҳудудии кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бахусус, дар корзори Роғун, ҳифзи амнияти озуқаворӣ чӣ корҳое ба анҷом расидаанд. Таҳлилҳо нақши Пешвои миллатро дар ин ҷабҳаҳои меҳнату фидокорӣ инътикос намуда, нақшаҳои ояндаи Президенти кишвар дар саноатикунонии мамлакат таҳлил гардидаанд.
Дар боби панҷум бевосита раванди ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Пешвои миллат, таҳқими марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар даврони истиқлол, аз ҷумла, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлил шудаанд.
Ҳамин тавр, дар боби шашуми китоб саҳми барҷастаи Президенти кишвар дар тарҳрезии заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун асосгузори дипломатияи об инъикос гардидааст.
Воқеан, хизмати бузурги таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, пеши роҳи оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва давлат шароит муҳайё намуд, бунёди сулҳи миллиро матраҳ кард, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ сохт, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Бешубҳа, китоби мазкур таърихи ҷомеи Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки пайванди ногустанӣ бо мактаби давлатдорӣ, хирадгароӣ ва одамияти Пешвои миллат дорад
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова.