Китоби Нав: «Мактаби сиёсию давлатдории Пешвой миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ»

Мактаби сиёсию давлатдориКитоби донишмандони тоҷик Зафар Сайидзода ва Акрам ВоҳидовМактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ” чанде пештар чоп шуда, тавре аз номаш пайдост, дар бораи мактаби сиёсию давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳс мекунад.

Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.

Дар китоб муаллифон навиштаанд, ки андаке бештар аз се даҳаи роҳбарии сиёсатмадори фараҳманд саропо фидокориҳоест ҳамарӯза ва ҳамасоата. Зеро танҳо бо фидокорӣ мумкин буд – бо имкониятҳои ночиз – дар муддати замони кӯтоҳ корҳои бузургро анҷом дод. Танҳо бо фидокорӣ мешуд киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро аз миёни талотумҳои хашину бераҳми ҳаводис гузаронд ва ба соҳили амну наҷот расонд. Танҳо бо фидокорӣ мешуд дар зеҳну шуури мардуми кишвари ҷангзада эҳсоси ҳамбастагию ваҳдати иҷтимоиро бедор кард, афроди миллатро ба шинохти вазифаю масъулиятҳояшон водор сохт ва неруи халлоқи онҳоро барои таъмини саодати халқи кишвар сафарбар намуд.

Пешвои миллат таҷассуми мардонагию шуҷоат мебошад. Мардонагию шуҷоат ва руҳияи вазифашиносӣ ӯро ба мақоми волои инсонию сиёсие, ки имрӯз дар кишвар ва ҷаҳон дорад, расондааст. Вақте ӯ розӣ шуд, ки роҳбарӣ ба кишварро бар уҳда гирад, ин корро ҷузъе аз вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ ба ҳисоб овард. Вай худогоҳона медонист, ки ба чӣ роҳ рафтааст ва чӣ масъулияти сахту сангинеро бар дӯш ниҳодааст. Мефаҳмид, ки дар кишвари гирифтори ҷангу таҷаммуи силоҳ ва илова бар ин, дар сурате ки «ҷиноҳи ҳарбӣ»-и неруҳои зиддидавлатиро асосан авбошону террористон ташкил
медиҳанд, ҳар лаҳза метавонад ҳадафи сӯиқасд қарор гирад. Аммо ӯ аз марг наметарсид, зеро вай чунин меҳисобид, ки зистан бидуни талош баҳри наҷоти ҷони дигарон бадтар аз марг аст…

Хонандагон китоби «Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ» ро метавонанад дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.