Китоби нав. Манижа Баҳромзода: “Бозтоби масъалаҳои об дар радиои «Ховар»
Рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷик Манижа Баҳромзода китоберо бо ҳамин ном таълиф кардааст, ки ҳамакнун чанд нусла аз он дар ихтиёри Китобхонаи миллӣ низ қарор гирифтааст. Тавре аз номаш пайдост, китоб дарбаргирандаи як силсила матолиби ҷолиб, аз ҷумла суҳбату гузоришҳо ва мақолаҳои таҳлилӣ аз вазъи об дар ҷаҳон дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Муаллиф дар сарсухан навиштааст, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, беш аз 5 млн. нафар ҳамасола бо сабаби ифлос будани об ва ё бемориҳои марбут ба об мефавтанд. Солҳои оянда теъдоди кишварҳое, ки ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, бештар хоҳад шуд. Тавре дар яке аз ҳисоботҳои Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардидааст: «…дар миёнаи асри 21 аз норасоии об дар ҳолати бадтарини 7 млрд ва дар ҳолати хуб 2млрд. нафар дар 48 кишвари ҷаҳон танқисӣ хоҳанд кашид».
Чунин пешгӯи нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти об имрӯз натанҳо хоси як кишвар ё минтақа, балки ба кулли кишварҳои ҷаҳон рабт дошта, ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар баробари зиёд шудани талабот ба оби тозаи ошомиданӣ, тадриҷан масъалаи истифодаи самараноки он низ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Кишварҳои зиёди сайёра дар баробари доштани сарватҳои зеризаминӣ, ба монанди нафту газ, аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Талаботи зиёд ба оби ошомиданиро ба назар гирифта, коршиносони соҳа ба хулосае омаданд, ки дар асри 21 дар қисми бештари давлатҳо об ҳамчун «мол» мубодила карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи об рӯз то рӯз бештар шуда, ҳалли ин мушкилот мавзуъи асосии конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилаилӣ гардидааст.
Халли мушкилоти норасоии об ҳамкориҳои густурдаи байналмилалиро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ тақозо мекунад. Аз соли 1992 инҷониб 22-юми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии об таҷлил мешавад. Соли 1996 Шурои ҷаҳонии об таъсис ёфт, ки Қароргоҳи он дар шаҳри Марсели Фаронса ҷойгир аст. Дар се сол як маротиба Форуми умумиҷаҳонии об баргузор мешавад, ки қадами навбатии ташкили ҳамкорӣ дар масъалаи об мебошад. Ҳадафи форум на танҳо баргузории муҳокимаҳо ва тахияи пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилоти об балки эҷоди уҳдадориҳои сиёсӣ ва механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Устуворона ва одилона идора кардани об, метавонад манбаи сулҳу шукуфоӣ бошад. Он инчунин омили асосии пешрафти хоҷагии қишлоқ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии миллиардҳо одамон мебошад. Аммо вақте, ки об камёб, ифлос ва дастнорас аст, амнияти озуқаворӣ метавонад халалдор шуда, воситаҳои зиндагӣ душвор гардад ва муноқишаҳо дар пайи он оянд. Аз ҷониби дигар, тули чанд даҳсолаи охир инсоният ба тахдиди нави глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он афзоиши офатҳои табии обхезӣ, биёбоншавӣ, тарма, обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хуруҷи бемориҳои сирояткунанда дучор гардидааст.
Хонандагон китоби Манижа Баҳромзода «Бозтоби масъалаҳои об дар радиои «Ховар»»-ро метавонанад дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.