Китоби нав. Манижа Саидисломзода: “Оворагард”
Ин китоб, ки хабараш чанд моҳе пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда буд, тоза ба Китобхонаи миллӣ расид. Муаллиф дар муаррифии он навиштааст, ки китобати «Оворагард» дар шакле, ки хонандаи азиз дар даст дорад, бо мусоидати беғараз ва бародарвори бародари арҷманд Бустоналӣ Холиқзода ва бародари эшон Усмоналӣ Холиқзода муяссар гардид.
Сармояи вақт, сармояи неру, сармояи самимият ва садоқат барои ба самар расидани талоши муаллиф бо умеди муфид воқеъ гардидани ин кўшишҳо барои ҷомеа гувоҳ бар паҳноварии доманаи фикрест, ки ин ду бузургвор дар батни он сабз шудаанд. Бустоналӣ Холиқзода аз ҷумлаи нафаронест, ки ғояи сарбаландии Тоҷикистонро самимона дўст дорад. Масъулияти ҳамаҷониба дар робита ба китобати «Оворагард» аз сабаби дар хориҷи кишвар қарор доштани банда бар дўши бародари азиз Бустоналӣ Холиқзода ва бастагони эшон гардид. Сипосгузории кутоҳ заҳмати беғараз ва бемузди бародари азиз Бӯстоналӣ Холиқзода барои дар шакли китоб зоҳир шудани «Оворагард”-ро ҷуброн нахоҳад кард. Умедворам, ки бародар Холиқзода ва бастагони эшон бо такя ба маърифат ва ахлоқи хубе, ки ин бузургворон доранд, сипосгузории ноқобили маро мепазиранд.
Дар пешгуфтори мууҳаррир Бӯстоналӣ Холиқзода мехонем: Адабиёт на танҳо инъикоси воқеият, балки ҷаҳоншиносӣ, худшиносӣ ва равзанае ба сўйи маънавият ва кашфиёти ботини инсон аст. Романи «Оворагард», ки аз ҷониби нависандаи соҳибистеъдод ва эҷодкори нуқтасанҷ – Манижа Саидисломзода офарида шудааст, маҳсули тафаккури амиқ, эҳсоси нозук ва ҷаҳонбинии бекарони ў мебошад.
Манижа Саидисломзода яке аз бонувони фарзонаю хеле донишманди миллат аст, ки месазад аз ў ифтихор бикунӣ. Барои камина ў аз зумраи чеҳраҳои дурахшони фарҳангӣ ва адабии замони мо ба шумор меравад. Дониши фарогир ва забондонии ҳирфаӣ олами ботинии ўро ғанӣ гардонидааст. То он ҷойе, ки огаҳӣ дорам, ў забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), русӣ, инглисӣ ва олмониро дар сатҳи олӣ медонад ва бо забонҳои модарӣ, русӣ ва инглисӣ шеър менависаду асарҳо эҷод мекунад. Мавсуф шоир, нависанда, рўзноманигор, сиёсатшинос, равоншинос аст ва боз дигар ҳунарҳое дорад, ки ўро миёни хосу ом мутамайиз мегардонад.
Вале бо ин ҳама хунару истеъдод, Манижа шахси хеле хоксору фурўтан аст ва ҳамин хоксориаш мақому манзалати ўро баланд мегардонад. Ба қавли устод Қутбӣ Киром;
Хоксорӣ то ба кутбат мебарад рўзе рафиқ,
Ман ба хокихислатон бисёр бовар мекунам.
Манижа одами ботинию ҷаҳони вижа ва хисолу атвори ба худ хосро дорад, вале ин барои шахсиятҳое, ки қобилияту истеъдоди фавқулода доранд, падидаи маъмулист, зеро жарфои андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии ғайримаъмулӣ дар маҳдудаи тартиботу меъёрҳои муқарраршуда намеғунҷад.
Вақте, ки бо чунин фарзандони Меҳан шиносоӣ пайдо мекунам, дар зеҳнам андешае хутур мекунад: «Миллате, ки дар сиришту фитраташ асолату наҷобат аст, боз фарзандоне ба дунё меорад, ки ҳамин рисолати вориси шоистаи ниёгони худ буданро идома хоҳанд дод».
Романи «Оворагард» – и Манижа Саидисломзода асари хеле ҷолибу хонданбоб аст. Банду баст, шеваи баён, руҷуъҳои равоншинохтӣ ва андешарониҳои мутафаккирона, ки аз камоли истеъдод ва рушди зеҳнии нависандаи ҷавон шаҳодат медиҳанд, хама дилчаспу дилнишинанд.
«Оворагард» дуюмин асари Манижа аст, ки пас аз романи нахустинаш – «Маҳин» ба хонандагон пешкаш мегардад. Ин китоб, ки самараи мушоҳида ва андешаҳои шахсии муаллиф мебошад, хонандаро ба сафари маънавие мебарад, ки дар он муҳаббат, садоқат, мубориза бо мушкилот ва ҷустуҷўйи саодати ҳақиқӣ дар меҳвари сужаи асар қарор доранд.
Каҳрамонҳои роман бо содагии хос ва дили софу мубарро, бо шикасту пирўзиҳои худ зина ба зина назди хонанда ошно мешаванд. Муаллиф бо жарфнигарии моҳирона ба ҷаҳони ботинии инсон ворид мешавад ва отифаю эҳсосот, биму ҳарос, умеду орзуҳо ва пиндору рафтору гуфтори онҳоро бо забони салису равон ва шевою зебо ба риштаи тасвир мекашад.
«Оворагард» на танҳо достони як фард, балки инъикоси зиндагии воқеӣ, шинохти арзишҳои инсонӣ ва ҷустуҷўйи маънии зиндагӣ аст. Муаллиф бо ҳассосияти баланд муносибати инсон бо муҳит, ҷомеа ва худи ўро дар зеҳни хонанда ба тарзи хеле таъсирбахш ва фаромўшнопазир наққошӣ мекунад.
Манижа Саидисломзода бо андешрониҳои ҳикматомезу ҳикматомўзӣ худ собит месозад, ки нависанда будан танхо пеша нест, балки рисолат ва масъулияти бузург аст. Ў бо каломи нобу андешаи баланд арзишҳои инсонӣ ва маънавиро ҳифз намуда, барои хонандагонаш чароғи ҳидоятро рўшан месозад.
Итминони комил дорам, ки «Оворагард» на танҳо ҷойгоҳи хос дар адабиёти муосири мо пайдо хоҳад кард, балки дар қалби ҳар як хонандаи боҳушу андешаманд ҷойгузин хоҳад шуд.
Мо аз Манижа як нависандаи ояндадор ва тавоною забардастро умедворем ва ин нуқта муссалам аст, ки чунин ҳам хоҳад шуд. Воқеан, бонувони нависанда дар адабиёти мо ба нудрат вомехўранд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҳунари нависандагии Манижа Саидисломзодаро ба ваҷҳи аҳсан пазироӣ намоем, то ў кори худро дар ин масир бо андешаи сабзу дили гарм идома бидиҳад.
Хонандагон ҳоло имкон доранд бо романи “Оворгард”-и Манижа Саидисломзода дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Таҳияи Дилафрӯз Рӯзиева,
сармутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ