Китоби нав.  Масчоҳ:  Сад санади таърихӣ

           

Ин китоб ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  25 – солагии таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва 65 солагии ободонии дашти Дилварзин нашр шудааст ва гуфта мешавад, ки таҳияи матн, тавзеҳот ва феҳристҳо аз Аҳмад Ҳоҷизодаи Мадрушкатист. Муҳаррири масъул Шодӣ Шокирзода.

Дар ин китоб ҳуҷҷатҳое ба ҳуруфоти кириллии тоҷикӣ фароҳам гардидаанд, ки замоне асли онҳо дар сар то сари Масчо аз мардум ҷамъоварӣ шудаанд. Аксари онҳо санадҳои таърихии хусусияти ҳуқуқидошта мебошанд, ки ба асрҳои XVIII – аввали асри ХХ мансуб буда, ҳуқуқҳои молумулкии мардумро мувофиқи қонуни ҳоким дар он замон танзим мекунанд.

Китоб барои муҳаққиқон ва ҳаводорони ин таърихи як гӯшаи кӯҳистони кишвари азиз пешниҳод шудааст.

 

Барно Самиева