Китоби нав. “Меҳрпарвар”

saodat-holmurodДар ин айёми поки зимистонӣ шахсияти барҷастаи илму адаби кишвар ва ходими намоёни ҷамиятию давлатӣ, устод Холмурод Шарифов ба синни мубораки 95  мерасиданд.

Дар Сарсухан аз ҷумла омадааст: Ҳудуди як аср зистан ва ҳудуди як аср пайваста дар хидмати халқу ватан будан саодатест, ки  на ба ҳар инсон муяссар мегардад.

Бале, шояд Холмурод Шарифов дигар ба тавсифу ёдоварӣ эҳтиёҷе надорад, аммо, мо шогирдони ў, ки аз мактаби фарҳангу адабаш баҳра гирифта, аз хирмани хираду маънавияташ хўша чидаем, на танҳо ниёзманд, балки назди таърих вазифадор ҳастем, ки аз талошу заҳматҳои якумраи ин марди шариф ёдовар шавем. Зеро, корномаи Холмурод Шарифов як дастури рўшани худшиносии миллӣ буда, дар тарбияти насли ҷавони мо аҳаммияти бузург хоҳад дошт.

Бо ошноӣ бо рўзгори  онон, ҷавонони мо дармеёбанд, ки ҳар касе хидмати халқу ватан ва давлату миллат бошад, тамоми умр соҳиби эҳтирому қадрдонӣ ва сазовори гиромдошти давлату миллат мегарданд. Ин эҳсос қалби ҷавонони моро саршор аз муҳаббату боварӣ сохта, онҳоро дар атрофи сиёсати давлати боз ҳам муттаҳиду устувортар менамояд.

Яке аз бузургтарин корҳое, ки Холмурод Шарифов ҳамчун вазири матбуоту ахбор дар ин давра анҷом дод, бо истифодаи хирад дар давлату миллати худ, дар хизмати рушди илму фарҳангу адабиёт миллии мо қарор додани ин дастгоҳи пурнуфўзу пуриқтидори Иттиҳоди Шўравӣ буд.

Ин маҷмуа меҳрномаи дўстону ҳамкорон ва эҷодкорон буда, ба муносибати 95- солагии ходими намоёни давлати, шахсияти ба дилу дидаҳо наздик, адиб ва роҳбари кордону хирадманд Холмурод Шарипов бо талоши Муртазо Зайниддинзода ва Нозимҷон Фозилов мураттиб гардидааст.

Хонандагон метавонанд китоби мазкурро аз Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дарёфт ва мутолиа намоянд.

 

Саодат НАБИЕВА,  сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.