Китоби нав. Мероси хаттӣ

          

Дар маҷмўа, ки аз 400 саҳифа иборат аст, мунтахаби матнҳои дастнависи манзуму мансур аз “Маснавии  маънавӣ” – и Мавлоно Ҷалолиддини  Балхӣ, «Рисола оид ба офариниш», достони «Юсуф ва Зулайхо» – и Нозими Ҳиротӣ, «Матбуот»-и Шайх Аҳмади Форуқи Нақшбандӣ, «Мақомоти Авлиё» –  и маҷхулулмуаллиф, достони мансури ривоятии «Шерзод ва Гулшод», қисмати оғозини «Тазкираи Буғроҳонӣ – и маҷхулулмуаллиф, мунтахаби «Ҳаҷвиёт»- и Абдурраҳмони Мушфиқию «Рубоиёт»- и Умари Хайём, «Мунтахаби  ғазалиёт» и Нозими Ҳиротӣ, «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Мирзо Бархурдор ибни Туркмони Фароҳӣ, нусхаи дигари «Маснавии маънавӣ» – Мавлоно, «Туҳфаи хонӣ»- Муҳаммадвафои Карминагӣ ва «Маориҷ-ун-нубувват фӣ мадориҷ-ил-футувват» дар таҳияи чаҳорумин хатмкунандагони ихтисоси 25050110 – Мероси хаттӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар сарсухани худ ба китоб профессори кафедраи  таърихи адабиёти тоҷики ДМТ Бадриддин Мақсудзода аз ҷумла навиштааст:

               Ихтисоси навтаъсиси «Мероси хаттӣ», ки дар таркиби факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис шудаву аз соли 2013 қабули донишҷўёнро оғоз кардааст, то ҳол чор навбат мутахассисони соҳибкасби нусхашиносу матншиносро омода карда, ба ҷомеа тақдим намудааст.

                Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, ки тайёр намудани мутахассисони соҳаи мазкурро дар салоҳияти худ дорад, аз аввал қарор кардааст, хатмкунандагон, дар баробари таълифи рисолаи хатм, амалан ин ё он нусхаи дастнависи форсии тоҷикии асримиёнагии маҳфуз дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода (воқеъ дар ДМТ) – ро ба хатти имрўзаи тоҷикӣ баргардон намояд. Чунин кор ҳатман дорои муқадимаест, ки дар он шогирдон тавсифи мухтасари китобшииносӣ ва нусхашиносии матни интихобнамудаи худро меоранд ва ҳамчунин, дар шакли мўҷаз усули кори худро дар ин раванд зикр менамоянд. Ҳамин кори мухтасари баргардони шогирдон натиҷаи татбиқи амалии донишҳои назарии онҳо дар амри нусхашиносию матншиносии осори асримиёнагӣ буда, нахустин таҷрибаи кори мустақилонаи илмии онҳо ба шумор меояд.

           Ҷои зикр аст,ки натиҷаи ин гуна  корҳои мустақилонаи хатмкунандагони ихтисоси мазкур то ба имрўз се навбат (аввалӣ аз ҷониби профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул, дуюмӣ аз тарафи профессор Муҳриддин Низомӣ ва сеюми аз ҷониби муаллими калони кафедра Алишер Афғонов) рўи чопро дида ва онҳо аз аҳамияти муайяни илмию амалӣ бархурдоранд. Аввалан, шогирдон натиҷаи заҳмати худро дар шакли чопшуда ва интишорёфта мебинанд ва ба корҳои илмии оянда ташвиқ мешаванд. Сониян, иддаи касири асарҳои дастнависи форсии тоҷикии асримиёнагии мо, ки дар гўшаи фаромўшӣ монда буданд, ба ин васила ба аҳли таҳқиқ ва дўстдорони фарҳанги гузаштаи мо муаррифӣ мегарданд. Солисан, як миқдор аз ин гуна китобҳои дастнавис, ки чанд даҳсола пештар замони хариди онҳо дар таъйини унвонашон иштибоҳ рух додааст, рафъ карда мешаванд ва номи асили онҳо аз таркиби матни дастнавис ошкор карда мешаванд. Гузашта аз инҳо, иҷро шудани чунин корҳо барои хонандаи одӣ низ хеле муҳим мебошад, зеро мутуни илмию адабии гузаштаи мо бо забони беолоиши адабӣ ва сабкҳои гуногуни сухангустарӣ таълиф шудаанд ва ошно шудан бо онҳо ба хонанда кайфияти хосе медиҳад ва илова бар донишдиҳӣ, захираи луғавии хонандагонро васеъ ва меҳри ононро бо забони модарӣ зиёда афзун мегардонанд.

            Як нуқтаи дигари шоистаи зикр он аст, ки маъмулан, шогирдони ихтисоси мазкур дар оғози таҳсили соли аввал хатти арабиасоси форсии тоҷикиро хонда наметавонанд ва аксарашон ба касби нусхашиносию матншиносӣ эътибори чандоне ҳам нишон намедиҳанд, Аммо бо мурури замон, тақрибан аз соли дуюми таҳсил сар карда, ба омўзиши хатти ниёкон ва шинохту тавсифи нусхаҳо меҳру муҳаббат пайдо мекунанд.

               Дар охир гуфтанием, ки мутуни зикршуда дар як фурсати хеле кўтоҳ бозбинӣ ва тасҳеҳ карда шудаанд, бино бар ин, имкон дорад аз базеъ саҳву ғалатҳо орӣ набошанд. Аз ин рў, умеди нек ба чашми хатопўши хонандагони муҳтарам мекунем.

      Таҳияи Шарофат Мирзоева