Китоби нав: Мирзо Бозор Хотири Хатлонӣ: «Девони ашъор»
Мирзо Бозор Хотири Хатлонӣ аз ҷумлаи шоирони садаи XVIII – XIX доираи адабии Хатлонзамин мебошад. Ў на танҳо шоир, балки шахсияте будааст, ки бо афкори тоза ва созандааш тавонистааст таҳаввулоте дар сохти иҷтимоии замонааш ворид созад.
Шоир дар ашъори хеш ноқисиҳо ва беадолатиҳои замонаашро ошкор сохта, ҳамеша кўшидааст, ки барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум амалҳои хайреро анҷом диҳад. Чун ў шахси ростқавлу росткирдор будааст, ҳокимони замон нисбаташ эҳтироми бузургеро қоил буда, интиқодоти эшонро пазируфтаву аз паи ислоҳаш мешуданд.
Нусхаи девони ашъори шоир, ки имрўз дастрас ва ба хати кириллӣ баргардон шудааст, барои хонанда ва дўстдорони каломи бадеъ аз аҳамият холӣ нест. Девони Хотир аз ғазал, қасоид, рубоиёт, қитъаот, мухаммасот, соқинома, муфридоту марсия иборат буда, ба мавзуъҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ, фалсафӣ, диниву ирфонӣ бахшида шудаанд.
Мураттиб ба Рамазон Раҳимзода Ҳамро барои нашри девон ва таҳияву гузоштани нимпайкараи шоир изҳори сипос кардааст ва дар сарсухан анвиштааст, ки “эшон дар ин кори хайр камари ҳиммат баст, рўҳи шоирро зинда гардониданд. Ҳамчунин, аз ҳамшаҳриҳову наберагони шоир Давлат Бозоров, Раҳмонзода Иброҳим, эшони Сайидмуҳаммад, ки қисмати тадорукотиро анҷом доданд ва муҳаррирон – шоирони шинохта Озар Салим, Ибодуллоҳи Солеҳ ва мушовир Саидҷалоли Саид миннатдорӣ баён мекунем”.
Мураттиби китоб Ибодуллоҳи Оқилпур, муҳаррирон Озар Салим ва Ибодуллоҳи Солеҳ. Мушовир Саидҷалол Саидзода.
Китоби Мирзо Бозор Хотири Хатлонӣ «Девони ашъор» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анўшаи Ҷамолиддин,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.