Китоби нав. Мирзо Шукурзода. “Ворисони ғурури Фирдавсӣ”
Адиби шинохта Мирзо Шукурзода ахиран ду нусха китоби тозанашри худро бо номи “Ворисони ғурури Фирдавсӣ” ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Дар китоб лаҳзаҳои тобноке аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ду тан аз адибони барҷастаи назму насри муосири тоҷик, устод Лоиқ ва Сорбон нақл шудааст.
Ба китоб академик Носирҷон Салимӣ ва профессор Шамсиддин Солеҳ пешгуфтор навиштаанд, ки онро пурра меорем.
Пешгуфтор
Нақду баррасӣ ва таҳқиқу омўзиши аҳволу осор ва рўзгору пайкари адабии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо фосила гирифтан аз замони зиндагиааш беш аз пеш муҳимият ва мубрамият касб менамояд. Таълифоту таҳқиқот ва ёдномаю хотироте, ки солҳои охир оид ба шахсияти адабӣ ва эҷодии устод Лоиқ ба нашр расидаанд, дар маҷмуъ дар адабиётшиносии тоҷик тамоили тозаеро падид оварданд, ки онро метавон равияи лоиқшиносӣ унвон кард. Шоири зиндаёд Гулназар дар яке аз навиштаҳояш таъкид намуда буд, ки ба эҷодиёти Лоиқ ҳамчун ба як адабиёт бояд муроҷиат кард, ки ин заминаи воқеӣ дорад. Зеро устод Лоиқ маҳбубтарин, маъруфтарин ва аз ҳама серхонандатарин шоири замони мо буд. Бешак, ин ҳама муҳассинот аз матну батни ашъори мондагору ҷовидонаи шоир сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки таи ду даҳсолаи охир таввасути пажўҳишҳои пайвастаю пурдоманаи олимони адабиётшинос, забоншинос ва умуман, ҳаводорону алоқамандони эҷдиёти шоир тамоили лоиқшиносӣ бо суръат дар ҳоли рушд ёфтан аст. Афзун ба вусъати ин раванд хотироту ёдномаҳое, ки ҳамқадамону ҳампешагон ва ҳамсафони шоир чун Сорбон, Гулназар, У. Ғаффоров, Ю. Акбаров, К.Мирзоев, А. Самад, А. Абдулло ва дигарон ба нашр расониданд, дар шинохти чеҳраи воқеӣ ва адабии устод Лоиқ гоми шоиста ва таҳсинофарин мебошанд.
Китоби ҳозир бо кўшиш ва ҳиммати муҳаққиқ ва адиби шинохта, дўсту бародари азизу арҷманди шоир – Мирзо Шукурзода таҳия ва таълиф гардидааст. Он саҳифаи тозае дар равияи лоиқшиносӣ ва гоми шоистае дар шинохти воқеи шахсияти устод Лоиқ, инчунин равшан сохтани бисёре аз саҳифаҳои зиндагии иҷтимоӣ ва адабии ин суханвари беҳамтост. Маҷмуаи «Ворисони ғурури Фирдавсӣ» ба таври ғайримаъмулӣ падид омада аст ва он ҷавобгўи ниёзҳои хонандаи муосир буда, бо сабқу шеваи хос таҳия, танзим ва таълиф гардидааст. Бешак, онро хонандагони тоҷик, хосу ом бо камоли завқ мутолиа менамоянд.
Муаллифи китоб Мирзо Шукурзода, худ аз муҳаққиқону адибони пурмаҳсул, тавоно ва соҳибқалам аст. Номбурда дар таълифи китоби «Ворисони ғурури Фирдавсӣ» кўшиш кардааст, ки симои инсонӣ, ботини нуронӣ ва адабию ҳунарии шоири сарбаланди миллатро дар батни замон ва матни ашъораш ба хонандагон ва алоқамандони эҷодиёти ў муаррифӣ намояд. Мусоҳибаҳое, ки ў бо устодон Сорбон, А Самад ва А. Абдулло анҷом додааст, бахши аввали китоби ҳозирро дар бар мегирад. Дар ин суҳбатҳои самимӣ ва воқеӣ силсилае аз хислатҳои олишони шоир аз қабили ҷавонмардӣ, ғурури шоиста, далерӣ, ватандўстию миллатпарварӣ ва садоқату самимияти беандозаи шоир таввасути нақлҳои ибратомўз ва зиндагии фардию иҷтимоии ў баён ёфтаанд. Аҳамияти дигаре аз ин нукоти олимона дар он аст, ки чандин лаҳзаҳои тобноке аз рўзгори иҷтимоӣ ва адабию эҷодии шоир на танҳо ба таври возеҳ равшан мегардад, балки аз ҷониби шоҳидону ҳамроҳони худи адиб, ки сарчашмаи мўътамад маҳсуб мегардад, бозгўй мешаванд. Ин силсила гуфторҳову далелҳои муътамад дар оянда барои муҳаққӣқони аҳволу осори Лоиқ аз ҳар ҷиҳат ҳоизи аҳамиятанд.
Бояд таъкид намуд, ки устод Лоиқ аз мардумитарин ва маҳбубтарин шоирони замони мо буд ва ин фазилатҳо ба ашъори мондагору безаволи эшон, ки он аз дарду доғҳои гузаштаю имрўзаи халқ сарчашма мегирад, алоқаманд аст. Ин нукта, низ дар мубоҳисаҳо ва дар ёдномаю мақолоти пажўҳишии Мирзо Шукурзода бо сароҳат таъкид мешавад.Дар мақолаи “Ватан дар шеъри устод Лоиқ” Мирзо Шукурзода нуктаи ҷолибе ғарибе матраҳ менамояд: “Лоиқ Шералӣ бо исёни аҷибу ғарибе вориди саҳнаи адабиёт гардид, мавзӯъ ва муҳтавои шеърро, ки ба шиор табдил ёфта буд, тағйир дод. Истеъдоди фитрӣ, огоҳии комил аз осори орифони порсигӯй ва адабиёти пешрафтаи ҷаҳон ва муҳимтар аз ҳама, ғурури зебанда ва ҷасорати фавқулода баланд ва худододаш ба ў имкон дод, ки озодона дам аз ҳувияти миллӣ бизанад ва расму адабу суннатҳои қавми тоҷик ва фарҳанги Ориёиро дастмояи ашъори худ қарор бидиҳад”.
Воқеан, устод Лоиқ аз оғоз то анҷоми фаъолияти пурбори адабию эҷодиаш парчамбардори ғояҳо ва ормонҳои миллӣ дар адабиёти муосири мо буд. Махсусан, шуҷоати адабие, ки эшон дар баёни ормонҳои миллии халқи тоҷик аз худ нишон дод, дар адабиёти мо, хоса дар шеъри муосири тоҷик як падидаи камназир буд.
Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 дар мулоқоти анъанавиашон бо зиёиён ёдовар шуда, таъкид намуда буданд: “Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рўҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам”.
Оре, дар эҷодиёти устод Лоиқ маҳз ҳамин рўҳияи худогоҳӣ ва ватандўстӣ маҳбубияти ўро байни ҷомеа меафзояд ва шеърашро беш аз пеш дар дилу андешаи мардум ҷой медиҳад ва шахсияти шоирро ибратбахшу ҷойгоҳашро ҷовидона ва абадӣ менамоянд.
Чунин паҳлуҳои шоир дар пажўҳиши зикршудаи Мирзо Шукурзода – “Ватан дар шеъри устод Лоиқ” мавриди баррасии жарф қарор мегирад. Муҳаққиқ ҳангоми таҳқиқи мароҳили ташаккули мақоми адабию ҳунарии шоир таъкид менамояд: “муҳаббати Ватан дар ашъори устод Лоиқ агар дар оғози фаъалияти шоирии ў шабеҳи нолаҳои рўдаки Панҷрўд буд ва шамими атри гулҳои онро… дар димоғ дошт, ин муҳаббати кудсӣ аз нашри як маҷмўа то маҷмўаи дигар дар осори ў табдил ба дарёи бекарона гардид”.
Мирзо Шукурзода зимни таҳлилу баррасии ашъори ватанхоҳонаи устод Лоиқ заминаҳо ва марҳалаҳои устувор гардидани андешаи ватандӯстиро дар эҷодиёти ў равшан месозад ва барои пажўҳишҳои муфассалу пурдомана дар ин самт роҳ мекушояд.
Чунонки ишора шуд, бахши муҳими китоби мазкур иборат аз ёдномаю хотираҳои муаллиф оид ба лаҳзахои зиндагӣ, сафарҳои муштарак, вохўрию мулоқот ва ҳамкориҳои судманду хотирмони фарҳангии онҳост. Навиштаҳое, мисли “Бабри бовиқор чаро танҳо монд?” ва “Аз баъди ҳазор сол меоям боз” на танҳо барои равшан сохтани бобҳое аз зиндагии саодатманди шоир, балки ҷиҳати шинохти вокеии шахсияти адабию ҳунарии ў аз ахамияти вижае бархурдоранд. Ин навиштаҳову ин нукот, бешубҳа, саршор аз муҳаббат, аз иродат ва ихлосу эҳтироми халқ ба шоири маҳбубашонанд. Мирзо Шукурзода зимни нақду баёни хотироташ дар мавриди ба чоп омода кардану дар Эрон ба нашр расонидани китоби нисбатан комили ашъори устод Лоиқ “Рўҳи рахш”, ки бо кушиши ў сурат гирифта буд, хотироти ҷолиберо аз бархурд ва истиқболи аҳли адаби ин кишвар ба ашъори шоири бузурги тоҷик зикр менамояд, ки ин лавҳаҳо низ будуни шак, барои омўзишу таҳқиқи аҳволу осори адиб судманданд.
Ба таври куллӣ, китоби ҳозир, ки бо ҳиммати адибу муҳаққиқи шинохта Мирзо Шукурзода ба зевари чоп ороста гардид, дар таҳқиқ ва шинохти воқеии шахсияти адабӣ ва муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти эҷодӣ ва пайкорҳои адабии устод Лоиқ гоми шоиста мебошад. Лозим ба тазаккур аст, ки мо ҳанӯз ахволу осори ин шоири тавоно ва воқеан миллию мардумиро ба таври бояду шояд тахқиқ накардаем. Ба ин иқдоми шоиста дар адабиётшиносиии мо муҳаққиқони ҷавону соҳибистеъдод дар ояндаи наздик иқдом хоҳанд кард. Чунин китобҳо заминаи муътамади илмиро барои рушди лоиқшиносӣ ва тақвияти афкори тахқиқӣ ва умуман, барои шинохти воқеии шахсияти адабию эҷодӣ ва ашъори устод Лоиқ фароҳам месозад. Аз ин рў, китоб дорои аҳамияти хоси адабӣ, пажўҳишӣ ва илмӣ мебошад.
Носирҷон Салимӣ – академик.
Шамсиддини Солеҳ – профессор.
Мирзо Шукурзода. “Ворисони ғурури Фирдавсӣ”. Душанбе, “Илм”, 2022.
Ин китобро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА