Китоби нав: Мирзоватан Миров «Коргардони театр»
Китоби тозаэҷоди чеҳраи намоёни ҳунар, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, коргардон, актёр, оҳангсоз, мутриб ва сарояндаи маҳбуб Мирзоватан Миров «Коргардони театр» асосан фикру андеша ва таҷрибаи тули солҳо андухтаи муаллиф, бурдбориҳо ва мушкилоти ин касби пурифтихорро дар инкишоф ва рушду нумуи санъати театрӣ, хусусан коргардонӣ дар бар мегирад.
Китоби «Коргардони театр»-и устоди саҳна Мирзоватан Миров барои донишҷӯёни Колеҷҳои санъат, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун китоби дарсӣ муҳим ва мавриди омӯзиши санъаткорони оянда тавсия ва пешниҳод шудааст.
Ҳамчуноне Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар сарсухан ба ин китоб менависад, дар ҳаёти ҷомеаи мо театр агарчи падидаи чандон тулонӣ нест, аммо муҳиммияти мавҷудияташро қотеона собит сохт ва худро ҳамчун ҳамоҳангу ҳамқадами бахшҳои дигари фарҳангу маърифат зоҳир намуд. Оре, театр ба маънову ҳадафҳои имрӯзааш падидаи нав аст, вале унсурҳои ин навъи ҳунар дар рӯзгору осори халқамон аз даврони хеле куҳан арзи ҳастӣ кардаву дар бозгӯии ҳаёти воқеии халқ дарси пандомӯз додаанд. Иҷрои саҳначаҳои гуногуни ба истилоҳи имрӯз «театрикунонидашуда» дар тӯйҳо, базму маҳфилҳо, аз ҷониби базмороёну ширинкорон, рақсу бадеҳаҳо дар ҳавои оҳангҳои махсус ҷиҳати ифодаи лаҳзаҳои муайяни рӯзгори мардум рангу бори унсурҳои театрро доштанд. Ҳангоми муоинаи бозии тифлони хурдсол, ки нақшҳои арӯсу домод ё маросим гаҳворабандонро иҷро мекунанд, оё унсуреву шабеҳае аз театр зоҳир намегардад?
Дар замони ориёиҳои қадим дар ҳузури шоҳ иҷро кардани машқҳову мусобиқаҳои паҳлавонӣ, гӯштиву шамшерзанӣ, найзапартоиву камонкашӣ унсурҳои саҳнавӣ доштанд. Тавсифи паҳлавонон, масхараву мазоҳ намудани душманон дар шакли намоиши театрӣ амалӣ карда мешуд. Мегӯянд, дар Эрони бостон намоишҳои театрӣ вуҷуд дошта будааст…
…Аммо оё театр аз либосовезак оғоз мешавад? Аз либосовезак то дохили толор шудан ва намоишномаеро тамошо кардан заҳмате надорад, саҳл корест. Ҳама душвории кор то либосовезак омадан аст. Аммо ин душвориро на ҳама метавонанд паси сар кунанд. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз кам касон то либосовезаки театр мерасанд. Дар ин мавзуъ М. Миров дуруст мефармояд, ки «Давлатмардони мо бояд пеш аз ҳама рӯ ба театр биёранд, зеро онҳо тақдирҷунбони ҷомеа ҳастанд. Вақте як вазир ва чанд нухбагон ба театр ташриф биёранд, ки таъсири мусбате дар ҷомеа хоҳад гузошт…».
Солҳост, аҳли театру аҳли зиё мардумро сӯи театру саҳнаи он мехонанд, аммо ҳамоно толорҳо холист, холӣ… Он гуна ки даъват ба сӯи китобу китобхонӣ чандон суде намебахшад, ба ҷуз аз ҳолатҳои алоҳида…
Аммо пуршавии толорҳои театр ва харидориву хондани китоб ба маърифату ҳувийяти милливу фарҳангии мардум иртибот мегирад. Толори театр он гоҳ пури тамошобин мешавад, ки ҳувийяти миллӣ шакл бигирад, ифтихор аз арзишҳои милливу ватандориву самимӣ бошад…
Агар ҷавоне маротибҳо бо ихтиёр театр рафта ё якчанд китоб мутолиа карда бошад, ӯ ҳеҷ гоҳе хурофотиву мутаассиб нахоҳад шуд, маргталабу қотил нахоҳад шуд, бемаърифату беодоб нахоҳад шуд. Адибону ҳунармандон табибони руҳу равони мардуманд, бисёриҳо аз андаке дарди ҷисмонӣ пеши пизишк мешитобанд, аммо аз бемории маърифатӣ парво надоранд…
Мушҳида шудааст, ононе, ки ба театр мераванд, аз лиҳози маърифату фарҳанг, одобу ахлоқ пешрафтатаранд, аз дигарон фарқ мекунанд, ҳатто дар зиндагӣ комгортаранд. Зеро саҳнаи театр мактаби маърифату маънавиёт аст, сабақомӯзи дарси зиндагист…
Хонандагон китоби Мирзоватан Миров «Коргардони театр»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахасси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.