Китоби нав: «Модар – табиат»
Дар ин китоб романи мавзуни «Модар – Табиат» – и
шоири тоҷик Раҷаб Ғаффор оварда шуда, ки дар он ғояҳои глобалии ҷаҳони имрӯза, амсоли муаммоҳои ҷанг ва сулҳ – бартараф намудани хавфи ҷанги термоядроӣ, ҳифзи муҳити зист, буҳрони иқтисодӣ: бекорӣ, қашшоқӣ, бозмондагӣ, бесаводӣ, ҳифзи тандурустии ҳаёти инсон: пешгирии бемориҳои хатарноки СПИД, саратон, вабо, тиф, сил, ҳимояи ҳуқуқи башар, мубориза бар зидди хурофот, фундаментализми динӣ, экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, гиёҳвандӣ, этикология, бемории сирояткунандаи коронавирус ва ғ. ба тарзи бадеӣ – фалсафӣ тасвир гардида, шоир насли имрӯзу ояндаро ба роҳи равшани огоҳӣ ва худшиносӣ даъват намудааст.
Тавре дар сарсухани китоб омадааст, Раҷаб Ғаффор ҳанӯз аз озони ҷавониаш ба эҷоди шеър пардохта, намунаҳои ашъори ӯ дар навъҳои мухталифи жанрҳои адабӣ, ба вижа: ғазал, мустазод, қасида, қитьа, мухаммас, мусаммат, таркиббанд, тарҷеъбанд, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шери сапед, шеъри озод ва румони мавзун эҷод гардидааст. Шери нахустини ӯ бо номи «Боғи бахти тоҷикон» дар рӯзномаи ноҳиявии «Мубориз» («Гулхани Восеъ») 4-уми феврали соли 1984 нашр гардидааст. Ӯ 20-уми марти соли 1987 ду рубоии худро бо номи «Бӯсаи шабнам» дар рӯзномаи ҷумхуриявии Комсомоли Тоҷикистон (ҳоло «ЧавонониТочикистон») эълон намуд. Раҷаб Ғаффор дар давоми умри худ се маҷуаи шеър интишор намудааст, ки номгӯи онҳо чунин аст:
- «Пайҷӯи хуршед» (1992)
- «Авҷи Зуҳал»
- «Садомдил» (2001)
Ба ҷуз аз ин намунаи ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии адибони Хатлон:
- «Ҷоми умед» (1992)
- «Боғи мурод» (2008)
- «Ифтихор» (2008)
- «Файзи истиқлол» (2011)
- «Сӣ Наврӯзи Истиқлол» (2021) нашршудааст.
Шеърҳои Раҷаб Ғаффор дар давоми солҳои 80-уми садаи XX дар рӯзномаҳои «Гулхани Восеь», «Омӯзгор», ҳафтаномаи адабии «Адабиёт ва саньат», маҷаллаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Садои Шарқ», маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии бахши точикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон- «Дурдонаи Шарқ», ҳафтаномаи порсизабонони ҷаҳон «Сабзманиш»-и Афонистон ва як шеъри оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёраи Замин эҷод намудаи ӯ соли 2023 дар китоби рекорди гинеси «Hyperpoem» (Ҳиперпоем) интишор гардидааст.
Шоир дар давоми солҳои 2003-2011 бо сабки шери озод романи мавзуне таҳти унвони «Модар – Табиат» эҷод намудааст, ки дар он перомуни мавзӯъҳои бӯҳрони глобалии сайёраи Замин, ҳифзи муҳити зист, сарнавишти инсоният, вазьи фардои фарҳангу тамаддуни башарӣ сухан рафта, ин асар лоиқи омӯзишу пажӯҳиш ва дорои аҳамияти илмист.
Китоби Раҷаб Ғаффор “Модар-Табиат” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.