Китоби нав. «Молияи давлатӣ ва маҳаллӣ»

Молияи давлатӣ ва маҳаллӣКитоби дарсии «Молияи давлатӣ ва маҳаллӣ» барои донишҷӯёни равияҳои иқтисодии факултаҳои иктисодии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрон, унвонҷӯён, ва умуман шахсоне, ки ба ин масъалаҳо мароқ доранд, тавсия карда мешавад. Китоби мазкур дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти иқтисодӣ ва дастовардҳои навини илми иқтисодӣ таҳия гардидааст.

Муаллифони китоб М.Ниёзов, Ҳ. Давлатов, Э. Миршарифзода дар муқаддимаи навиштаанд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мудирияти дуруст ва босамари молияи давлатӣ ва маҳаллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта, он яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Чун молияи давлатӣ маҷмуи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташкил, тақсим ва истифодаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ мебошад, ки тавассути ҳарду сатҳи низоми буҷетӣ ва ба воситаи ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ истифода бурда мешавад.

Низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки буҷети давлатӣ, андозу қарз, мақомоти молия, суғурта, бонкҳо, ташкилотҳои амонатию қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкиро дар бар мегирад, дар инкишофи иқтисоди миллӣ ва танзими давлатии иқтисод нақши калидиро мебозад. Тули солҳои истиқлоли кишвар низоми молиявии мамалакат дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфта истодааст.

Дар як муддати кутоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба низоми молиявӣ ва идоракунии он мутобиқи хусусиятҳои иқтисоди бозорӣ қабул гардида, унсурҳои асосии он муайян карда шудаанд. Низоми амалкунандаи молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклан ба муносибатҳои бозорӣ мувофиқ шуда истодааст. Бо мақсади мутобиқ намудани низоми молияи кишвар ба талботҳои замони муосир методологияи таҳияи буҷет, усулҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ низ бояд такмил дода шаванд то ин ки самаранокии истифодабарии захираҳои молиявии давлатиро то дараҷаи зарурӣ таъмин наменамоянд.

Аз ин лиҳоз, ташаккули низоми иқтисоди бозорӣ дар ҷумҳурӣ ин фаро гирифтани соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодиро ба муносибатҳои бозорӣ ва пурзӯр намудани раванди ҷаҳонишавии иқтисоди миллию зарурати самаранок истифода бурдани захираҳои молиявиро тақозо менамояд…

Хоҳишмандон китоби «Молияи давлатӣ ва маҳаллӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.