Китоби нав. Муҳаммадюсуф Имомзода, Замирахон Ӯлмасова: «Таърихи адабиёти тоҷик»

Китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик»(давраи нав) ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз охири асри XIX то аввали қарни  XXI  пешниҳод шудааст.

Дар китоб даврабандии адабиёти муосири тоҷик ва махсусиятҳои он, масъалаҳои равишу тамоюлҳои инкишофи адабиёти нави тоҷик, заминаҳои ташаккули равияҳои маорифпарварӣ, ҷадидӣ, намояндагони онҳо, ҷараёни рӯзгор ва осори шоирону нависандагон, вижагиҳои осори адибони асри XX ва сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ, намунаҳои арзишманди адабиёти ин давра бо диди нав баррасӣ шудааст.

Китоб барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни адабиёт ва соири алоқамандони каломи бадеъ тавсия гардидааст.

Тавре дар пешгуфтор омадааст, мақсади аслии китоб муайян кардани манобеи ташаккулу такомули адабиёти нав, сарчашмаҷӯӣ аз адабиёти шифоҳии мардум, адабиёти классикии тоҷику форс, пайвастани решаҳои таърихию фарҳангии адабиёти миллатҳои гуногуни ҷаҳон, бозгӯии моҳияти давраҳои ташаккулу такомули мактабҳову сабкҳои суханварӣ ва нишон додани қонуниятҳои тараққии онҳо ҳамчун  восита ва ғановати маданияти маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Дар канори ин, баробари мутолиаи китоб бояд хонандагон ифтихор намоянд, ки дар фосилаи беш 100 соли охир адабиёти миллии мо дар заминаи хидматҳову саҳмгузориҳои нависандагону шоирон ва драматургони соҳибистеъдод ғановатманд гардида, намунаҳои ҷолиб ва китобҳои ҷудогонаи онҳо ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуд ва адабиёти тоҷик ҳамчун адабиёти мустақил  муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон, шоистаи таъкид аст, ки дар змони  соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли адаб ба мақоми баланд шарафёб гардида, ҷустуҷӯҳои  ғоявию  эстетикии онҳо рангу маънои  нав мегиранд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои озоди ақидаву андеша имкониятҳои хубу мусоиди  эҷодиро фароҳам оврда, пешравиҳои  Тоҷикистон боиси ба миён омадани  асарҳои зиёд  мегардад. Баробари таҳқиқу пешниҳоди маводи илмиву таълимӣ аз адабиёти шуравии тоҷик, мо-муаллифон, адабиёти замони истиқлолро низ омӯхта, кӯшиш кардем арзишҳои ҳунарии ин марҳалаи навро муаррифӣ намоем. Барои омӯзиши ҳамаҷонибаи фанни таърихи адабиёти тоҷик муроҷиат ба қомусҳо, донишномаҳо, фарҳангу луғатҳои адабиётшиносӣ, маҷмуаву маҷаллаҳо ва ҳафтаномаҳои илмӣ-адабӣ, «Ҷашнномаи Айнӣ», солномаи матбуот, феҳристҳои давраӣ, мавзуӣ ва асосии китобхонаҳо ва дигар манобеъ бояд ҳадафи доимии суханшиноси ҷавон бошад. Мутолиаи пайвастаи девону куллиёт, мунтахаби осор, гулчини асарҳо, маҷмуаҳои новелла, ҳикоя, повест, роман, баёзҳо, алманахҳо  ва дигар китоби  шоирону нависандагон  ва драматургон ба донишомӯзон зарур аст.

Китоби мазкур дар заминаи тадқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ ва маводи  фаровони  адабиву бадеӣ таълиф шуда,ҷиҳати ба даст овардани гавҳари мақсуд – махзани илму дониш барои донишҷӯён,магистрантон, докторантон ва устодони факултетҳои филологӣ таҳия ба нашр  шудааст.

Хонандагон китоби Муҳаммадюсуф Имомзода ва Замирахон Ӯлмасова «Таърихи адабиёти тоҷик» -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Адиба Мардонзода,

мутахассиси шуъбаи

мукамалгардонии фонд