Китоби нав : «Муҳаррир»

МуҳаррирКитоби  мазкур ба ифтихори  85 солагии  собиқадори матбуоти  тоҷик, Корманди  шоиста, журналисти соҳибмактаб, сармуҳаррири  рўзномаи «Ҳақиақти Қурғонтеппа» пири рӯзноманигорони собиқ вилояти Қурғонтеппа Муқим Абдураҳмонов  мураттаб гардидааст.

Дар ин маҷмуа  ҳаёту фаъолияти  чандинсолаи  устодро дӯстону наздикон  ҷамоварӣ намуда  аз хислатҳои  неку ҳамидаи ишон ёдовари намудаан.

Муқим  Абдураҳмонов  ҳамкасбонашро  узви хонадони   худ медонист  ва  мехост навиштаҳояшон пухтаву  санҷида бошанд . «Шумо  бо тақдири  одамон, бо обрўи инсон кор мегиред. Як ҳарфи  шумо, ки болои саҳифаи  рўзнома  мерезад, метавонад  обрўи  шахсро боло барад, ё поён. Агар таъриф  ё  танқид  бе маврид, воқеӣ, беғаразона  бошад, бисёр  хуб, вале агар  навиштаатон аз воқеият дур, бетаҳлилу бедалел  бошад, пас, рўзноманигор хатои нобахшиданӣ  содир  кардааст»,-таъкид мекард  ў.

Мураттиби китоб журналист, сардабири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода буда, аслан ёдномаест аз рӯзгор ва осори рӯзноманигори варзида марҳум Муқим Абдураҳмонов.

Ин китобро хонандагони азиз, метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Фарзона ШАРИФОВА, мутахасссиси  шуъбаи мукаммалгардонии  фонд.