Китоби нав. “Мунтахаби ашъори классикони адабиёти тоҷик”

Китоби якуми «Мунтахаби ашъори классикони адабиёти тоҷик бо талоши донишмандони тоҷик Наврӯз Гулзода ва Саъдӣ Қосимӣ чоп шудааст. дар сарсухани худ мураттибон навиштаанд, ки мунтахабе, ки хонандаи муҳтарам дар даст дорад, дар шакли баёз мураттаб гардидааст, вале фарқи он аз баёз дар ин аст, дар бораи ҳар адиб маълумот нисбатан васеътар дода шудааст.

   Баёзҳо (ар. – сафедӣ) одатан, маҷмўаи ашъори интихобии шоирони мухталифро меномиданд, ки аз ҷониби як нафар адиб, ё котиби хушнависе ҷамъоварӣ ва мураттаб мешуданд. Анъанаи баёзнависӣ ҳанўз дар қарнҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд ва аз охири асри XVIII сар карда, маъруфияти бештареро касб намудааст. Дар асри XIX, баъд аз ихтирои дастгоҳҳои чопи китоб дар Осиёи Марказӣ як силсила баёзҳои чопӣ низ ба майдон омаданд.

     Баёзҳоро шахсоне тартиб медоданд, ки худ шоир буданд, ё ҳаводори шеъру аҳли адаб ба шумор мерафтанд, ки вобаста ба дараҷаи донишу ҷаҳонбинӣ, завқи бадеӣ ва салиқаи ошноии худ бо шеър аз ашъори шуарои гузашта ва муосир намуна интихоб менамуданд. Баёзҳо дар мураттаб сохтани китобҳо доир ба таърихи адабиёт аҳамияти хоса доранд. Бо сабаби мавҷуд набудани нашри оммавии китоб баёзҳои дастнавис дар тарғиби шеъру адаб нақши муҳим бозидаанд. Дар таърихи адабиёти муосири тоҷик дар шакли дастнавис тартиб додани баёзҳо аз байн рафта бошад ҳам, баъзе маҷмўаҳои муштараки шоирони гузашта ва муосир ба табъ расидаанд, ки баёзро ба хотир меоранд. Аҳамияти нахустини баёзҳо дар он зоҳир мегардид, ки ашъори баъзе шоирони гумном, ки бо сабабе дар шакли маҷмўа ё девон гирдоварӣ нашуда ва аз тазкираҳо берун монда буданд, дастраси омма мегашт. Бояд гуфт, ки  баёзҳо барои оммаи васеъ, инчунин барои шогирдоне, ки ба тозагӣ дар роҳи омўзиши адабиёт ва ҷодаи назму шеършиносӣ қадам гузоштаанд, беҳтарин воситаи омўзиш ва дастур маҳсуб мегарданд. Аз тарафи дигар, ҳеч гоҳ барои баёз байт ва порчаҳои назмии аз ҷиҳати маъно ва шеърият сусту заъиф интихоб намешавад, яъне барои хонанда пеш аз ҳама шеъри баланду воло пешниҳод мешавад, ки шояд худи ў ҳеч гоҳ мустақилона чунин байтҳои интихобшударо дарёфт карда натавонад. Аҳамияти дигари баёзҳо бевосита хусусияти тарғиби адабиёт доштани онҳост, ки дар шароити имрўза мавҷуд будани баёзҳо зарур аст. Вале паҳлўи муҳимтарини масъала ин аст, ки баёз дар тарбияи адабӣ, таърихӣ ва ахлоқии омма, аз ҷумла, ҷавонон метавонад мавқеи назаррасро ишғол намояд.

      Дар шароити кунунӣ, ки суръати баланди тараққиёти илму техника эҳсос мешавад, адабиёт низ аз ин доира берун буда наметавонад. Яъне ба тарзу усули замонавӣ ва жарф омўхтани таъриху маданияти гузашта, бо мақсади ривоҷу равнақи худшиносии миллӣ, ки мутаассифона ниҳоят коста ба назар мерасад, бояд дар мадди назари аввал истода бошад. Адабиёт воситаи муҳимтарини тараққиёт, бойшавии таркиби луғавӣ ва рушди забони миллӣ аст, инчунин шиносоӣ бо таърихи тараққиёт ва давраҳои рушд ва таназзули он тавассути далелҳои адабӣ муяссар хоҳад шуд. Аз ин рў, пажўҳиши тавъами адабиёт ва забон амрест зарурӣ. Забони миллӣ маводи худро аз адабиёт мегирад ва назм каломест беҳтарин дар ҷодаи забономўзӣ.

      Хушбахтона, имрўзҳо ба ҷои он баёзҳое, ки дар омўзиши таъриху маданият ва ҳаёти адабии мардуми тоҷик нақши ниҳоят муҳимро бозида тавонистанд, ба чоп расонидани мунтахабот ба расми анъана даромада истодааст. Дар гузаштаи на чандон дур, ки нашри ин гуна дастурҳо бо унвони «хрестоматия» ба назар расад ҳам, ба талаби замон мувофиқ набуд. Бо таассуф иқрор шудан лозим аст, ки имрўз чунин «хрестоматия» – ҳое, ки ба дард даво шуда тавонанд, на дар соҳаи забоншиносӣ ва на дар соҳаи адабиётшиносӣ (агар асари панҷҷилдаи «Гулшани адаб» ва «Ганҷи парешон» -и А. Ҳабибовро ба эътибор нагирем) вуҷуд надоранд.

     Аз далелҳои таърихӣ мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон зарурати тарғибу ташвиқи афкору ақоиде аз масоили зиндагӣ ба миён омадааст. Масалан, замони Рўдакӣ замоне буд, ки тарғиби донишу фарҳанг, хираду накўкорӣ, тозагии забон, ахлоқи ҳамида ва ғайра муҳим ва зарур буд, дар замони Фирдавсии бузург бошад, тараннуми Ватан ва ҳимояи он, талқини шоҳи одилу бохирад, шуҷоату далерӣ аз масоили мубрами рўз ба шумор мерафтанд, ки ин зарурат ва талаби замон боиси офаридани «Шоҳнома» – и безавол гардид.

     Аз бесарусомониҳои замони худ Фирдавсӣ нороҳатона чунин мегўяд:

                    Ки онҳо ҳама бар дил осон набуд,

                    Вале ҷуз хамўшӣ дармон набуд.

                    Маро ин сухан бар дил осон набуд,

                    Ба ҷуз хомушӣ ҳеч дармон набуд.

 

      Адабиёт ҳеч гоҳ аз таъсири воқеаҳои сиёсӣ озод набудааст. Аз ин рў, адибони ҳар давр зери таъсири рўйдодҳои сиёсӣ эҷод кардаанд. Ба ибораи дигар, ҳама гуна муҳит, чӣ сиёсӣ, чӣ иҷтимоӣ манбаи илҳоми шоир аст, вале он ба ҳар кас таассуроти якхела намебахшад. Масалан, агар яке ҳукамои даврро мадҳ намуда бошад, дигар аз сўзу гудоз ва кароҳият нолидааст ва сеюмӣ бо истеҳзо ва нописандӣ эшонро ҳаҷв намудааст, ки баъзан ин барои шоирон бо фоҷиа анҷом ёфтааст.

      Адабиёти тоҷик роҳи дуру дарози тахрихӣ ва пур аз фоҷиаҳоро паси сар кардааст. Истилои арабҳо, тохтутозҳои бераҳмонаи Чингиз, муборизаҳои шадиди байни аристократҳои тоҷику туркҳои бодиянишин ё кўчӣ, хунрезиҳои Темурланг, муборизаҳои мазҳабии байни сафавиён ва Убайдуллохон, шўришҳои халқӣ ба монанди ҳаракати исмоилия – қарматия ва шўриши косибони Бухоро – малик Санҷар ва боз даҳҳо ҳодисаву воқеаҳои нангин боиси маргу қатли баъзе аз шоирон гардидаанд. Албатта, ҳеч гоҳ адабиёт ва таъсири ин ё он фоҷиаи таърихи ва сиёсӣ берун қарор дошта наметавонад. Озурдани Рўдакӣ, таъқибҳои бардавоми Фирдавсиву Сино, Носири Хисрав, Хайём, қатли Аттори Нишопурӣ, Ҳилолӣ ва охирин фоҷиаи адабиёт –қатли Туғрали Аҳрориро силсилаи далелҳои ҳаёти ноҳамвор ва пур аз пасту баланди адибони форсу тоҷик шумурдан хато нест, ки дар ҳар давру замон зарбае бар сари ин мардони наҷиб расидааст.

Сайидо фармудааст:

Шамшер тасодуфан расад бар сари паст,

Он бар сари марди сарбаланд аст мудом.

 

     Мақсад аз мураттаб сохтани ин мунтахаб дилбастагии беандозаи мураттибон нисбат ба шеъру адабиёти классикӣ аст. Кўшиш ба харҷ дода шуд, ки дар бораи ҳар кадоме аз шоирони гузашта ба таври умумӣ маълумоте фароҳам сохта, сипас аз эҷодиёти ҳар кадоме мувофиқи завқ ва дараҷаи шеърфаҳмии худ, албатта,  назардошти сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии шогирдони факултаҳои филологӣ, ки мунтахаби мазкур аслан, барои онҳо эҷод мешавад, интихобан чун қатрае аз баҳр пешниҳод намоем.

    Дар мунтахаби мазкур достонҳои маънии суфиёнадошта, ҳикоёти аҷибу ғариб мисли «Сангтарош», «Қиссаи муш ва гурба» аз Убайди Зоконӣ, «Султон Ҷамҷама», «Шайхи Санъон» аз Фаридуддини Аттор, «Найнома» ва дигар достонҳои аҷиб аз «Маснавии Маънавӣ» – и Ҷалолиддин Балхӣ», «Соқинома» – ҳои Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Амирхусрави Деҳлавӣ ва баъзе ғазалҳои ҷолиби онҳо интихобан пешкаши хонандаи муҳтарам шудаанд.

    Вале мутаассифона, як китоб наметавонад ҳама ашъори бузургонро фаро гирад, бинобар ин, мисли тазкира на адабиёти як давраи таърихӣ, балки аз Рўдакӣ сар карда, (то давраи адабиёти то инқилобӣ) интихобан аз ашъори маъруфтарин ва машҳуртарини намояндагони адабиёти классикӣ порчаҳои назмиро пешкаши хонандаи муҳтарам намудем, ки аксар дар китобҳои  дарсӣ ва умуман адабиёти дигар вонамехўранд.

    Бо нияти ғанӣ гардонидани захираи луғавии шогирдон дар поварақҳо миқдори зиёди калимаҳои кўҳна ва архаистӣ, махсусан, аз ашъори классикон мавриди шарҳ қарор гирифтанд, ки ин метавонад ба бой ва ғанӣ гардидани захираи луғавии шогирдон мусоидат намояд.

    Ба хонандаи муҳтарам дар мутолиа ва баҳрабардорӣ аз ин ганҷинаи адаб ҳиммати фарҳангӣ ва завқи баланди адабӣ таманно менамоем.

Китоби Мунтахаби ашъори классикони адабиёти тоҷик” ба Китобхонаи миллӣ воид шудааст ва шумо онро дар ҳар толори хониш метавонед фармоиш диҳед ва мутолиа намоед.

Таҳияи Мавзуна Назарова.