Китоби нав. Мурод Эшонқулов: “Ҳофизи мумтоз”
Ин китоб охири соли гузашта нашр шуд ва маҷмуаи сурудҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддиновро дар бар мегирад. Китоб аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Донишкадаи адвлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба чоп тавсия шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Муззаффар Муӽиддинов 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи деӽаи Чилчанор (собиқ Булоқчинор)-и шаӽри Ҳисор ба дунё омада, 3-уми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе тарки олам кардааст. Ӯ яке сарояндагони маъруф ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1978) буд.
Хатмкардаи студияи вокалии назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ (1958-1960) буда, чун сарояндаи якахон дар ӽамин муассиса то соли 1969 фаъолият бурдааст.
Солӽои 1969-1999 ба сифати сароянда дар дастаи шашмақомхони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумӽурӣ кору эҷод намуда, назди устодони мақомдону навошинос Ф. Шаӽобов ва Ш. Соӽибов санъати мақомсароиро аз бар кардааст.
Дар сабти дастаҷамъии қисматӽои «Наср»-ии (созӣ-овозӣ) «Шашмақом» саӽми назаррас дошта, ӽамзамон, сурудӽои класикӣ, аз ҷумла «Савти Сабо», «Талқинчаи Сабо», «Талқини Ироқ», «Фўруғи амали Дугоӽ», «Фўруғи Савти Наво», «Соқиномаи Савти Сарвиноз», «Нимчўпонӣ» ва ғайраро дар хазинаи Радиои Тоҷикистон ба ёдгор гузоштааст.
Дар ӽамовозӣ бо оркестри созӽои миллӣ асарӽои оӽангсозони тоҷик ва таронаӽои халқиро, ба гунаи «Сарви гулрухсор», “Ту гул меҷўӣ», «Харидори ту будам», «Нозу итоб», «Пайғоми Шумо», «Дасти ману домани ту», «Гулдаста мехоӽад дилам», «Оӽиста – оӽиста», «Ихтиёр аз даст рафт», «Бар комам нашуд», «парвона бош», «Салом , эй ишқбозон», «Нигори ман» хубу хотирмон иҷро кардааст.
Солӽои зиёд дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ӽайси омўзгор, устоди мақом дарс дода , як зумра шогирдонро ба камол расондааст.
Ба Лаӽистон (1977), Афғонистон (1981) сафари ӽунарӣ анҷом дода, иштирокдори Даӽаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Узбекистон (1967, 1981), Қирғизистон (1976) буд.
Узви ӽайати таӽририяи нахустнашрияи китоби «Шашмақом»(ҷ.1, мақоми «Рост»), ки соли 2007 дар шаӽри Душанбе бо ибтикори доктори илмӽои санаътшиносӣ А. Низомов интишор ёфтааст, буд.
Бо Грамотаи фахрии Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1978) сарфароз шудааст.
Бо китоби “Ҳофизи мумтоз” шумо метавонед дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ошно шавед.
Таӽияи Дилафрўз Расулова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарӽанг ва ӽунар.